«Агар ҳоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош!» Ситсеро
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ
Дар таъриҳи давлатдориҳои ҷаҳон санадҳои муҳим, қонунгузориҳои муҳиме дар рафти инкишофи ҷомеа вобаста ба зараруриятҳои объективи ва субъективии ба амал омада қабул гаштаанд, ки баъдан кабули чунин ҳуҷҷатҳо, санадҳои муҳими қонунгузори боиси рушду нумуи давлатдориҳо, дигаргун гаштани рафти тараққиёти ҷамъият, тағйир ёфтани савияи фикрронии бани одамизод, муносибати инсонҳо бо ҳам, муносибати одам бо ҷамъият ва давлат боиси тағйироти куллӣ дар ҳаёти инсон ва бо ибораи дигар боиси руйдодҳои муҳим бо оқибатҳои тамадунсоз гаштанд.
Чунин санади муҳим дар таърихи давлатдориҳо бешубҳа қабули конститутсияҳо-сарконунҳои кишварҳои муҳталиф мебошад. Калимаи конститутсия решаи худро аз ибораи лотинии «конститутсио» гирифта, маънои сохторро дошта, қонуни асосии кишварҳо маҳсуб меёбад. Ин санади муҳим асосҳои сохти ҷамъияти ва давлати, системаи сохторҳои давлати, макомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолият ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба низом медарорад.Таъсиси «институти конститутсия»-ҳо аз охири асрҳои 17 ва ибтидои асри 18 сарчашма мегирад. Аввалин чунин санадҳои монанд ба конститутсияҳо баъди инқилобҳои буржуазии Ҳоландия ва Инглистон дар Аврупои ғарби пайдо гашта,такомули минбаъда ва нисбатан бузурги инкишофи кониститутсия ба инқилоби бузурги буржуазии Фаронса дар охирҳои асри 18(солҳои 1789-1794) рост омада, баъди қабули конститутсия дар ин кишвар, қабули конститутсияҳо дар дигар кишварҳои пешрафтаи Аврупо, Америка ва баъдан Осиё ва Африко ба вуқуъ пайваст.
Халқи тоҷик низ дар давраи ташаккули худ зинаҳои гуногуни қабули конститутсияҳоро аз сар гузаронидааст.Кабули аввалин конститутсия дар ҳаёти собиқ кишвари Шуроҳо баъди инқилоби бузурги Октябри ба вуқуъ пайваста, соли 1918 Конститутсияи РСФСР қабул гашт. Хотиррасон бояд намуд, ки он давра як қисми сарзаминҳои Тоҷикистони оянда аз қабили округҳои Хучанд ва Помир аввалан ба ҳайати Руссияи подшоҳи, баъди таъсиси ҶМШСС-и Туркистон, ки ҷузъи таркибии Руссияи шурави буд ба ҳайати он шомил буданд, ки як қисми мардуми тоҷик аз амалҳои ин санади муҳими тамадунсоз ҳамон давра баҳравар гашта буданд. Баъдан вобаста ба рафти тараққиёти ҷамъият соли 1924 баъди таъсисёбии СССР (соли 1922) конститутсияи ин кишвари бузург қабул гашта, халки тоҷик бевосита аз он баҳравар гардид. Ин конститутсия баъдан вобаста ба раванди тараққиёти ҷамъият солҳои 1936 ва 1977 аз нав қабул гашт. Қайд бояд намуд, ки ин конститутсияҳо дар инкишофи давлатдории тоҷикон (аввал ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҷумҳурии иттифоқи) нақши муҳими худро гузоштанд. Халки тоҷик низ дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шурави якчанд конститутсияҳои худро қабул намуда, дар асоси онҳо рушди давлатдории ҳудро таъмин намудааст. Аз ҷумла вобаста ба раванди тараққиёти ҷомеа солҳои 1929,1931,1937 ва 1978 чунин конститутсияҳо қабул гаштаанд, ки ҳамаи онҳо дар роҳи инкишофи давлатдории тоҷикон то соли 1991 саҳми боризи худро доранд. Рафти тараққиёти ҷамъият дар охири асри пор ва таҳҳавуллоти бузурги сиёси боиси пош хурдани империяи шурави ва дар харитаи ҷаҳон ба якбораги пайдо гаштани 15 давлати соҳибистиклол гашт. Табиист, ки дар натиҷаи ин тағйирот Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам соҳибиихтиёр гардида, Конститутсияи навини худро қабул намуд. Конститутсияи мамлакати мо рузи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқи қабул гардида буд. Дар давоми 19 соли баъди қабули Конститутсия вобаста ба воқеаҳои муҳими сиёси, ки дар мамлакатамон рух додан, ба он се маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.
Хусусияти демократии сарқонуни мамлакати мо аз тарафи аксари кулли институтҳои ҳуқуқи башар эътироф гардидааст ва дар байни конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои демократитарин шинохта шудааст. Моҳияти демократии Конститутсия дар моддаи 1-уми он таҷассуми ҳудро ёфтааст, ки дар он чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати ичтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Чи тавре дар моддаи 10 Сарқонуни мамлакат омадааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ҳилофи конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мисли дигар давлатҳо, Конститутсия ба сифати Қонуни асосӣ амал мекунад ва ҳамаи дигар конунҳо маҳз аз Конститутсия сарчашма мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз мо метавонем,Конститутсияро сарчашмаи асосии қонуният эътироф намоем.
Ҷумҳурии моро тавассути Конститусияи демократиаш ва сиёсати сулҳҷуёнаи пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон, аксари кулли давлатҳои дунё эътироф кардаанд ва ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имруза ҳамчун узви комилҳукуки Созмони Миллали Муттаҳид шинохта шудааст. Ба ин пеш аз ҳама ҷавҳари демократии Конститутсияи мамлакатамон мусоидат кардааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башарро таҷассум намудааст ва ба ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллали мувофикат мекунад. Дар он озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд муқаддас шуморида шудаанд. Дар моддаи 5-уми Сарқонун омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши оли мебошанд. ҳаёт, кадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Конститусия баробарҳуқуқии ҳамаро дар назди қонун ва суд эътироф намудааст. Мутобики моддаи 17 «ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон эътикоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ, вазъи ичтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».
Ин меъёрҳои Конститусияи кишварро мо дар ҳаёти ҳаррузаи худ эҳсос мекунем. Дар Тоҷикистон ҳамаи халку миллатҳо дар фазои озод кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи халкҳои сокини Тоҷикистон аз тарафи давлат ҳифз карда шуда ва кафолати қонунии он таъмин карда мешавад.
Яке аз присипҳои асосии ҳуқуқи башар ин далели бегуноҳи мебошад, ки дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии мо таҷассуми худро дар моддаи 20 ёфтааст. «Ҳеҷ кас то эътибори конунй пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъкиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад. Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриконунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он чазо пешбинй нашуда бошад ва ё чазои сабук пешбинй шуда бошад, конуни нав амал мекунад».
Меъёри дигари ҳукуки шаҳрвандон ин даҳлнопазирии манзил мебошад. Меъёри мазкур низ аз чониби Конститутсия кафолат дода шудааст. Вобаста ба ин меъёри ҳукукй дар моддаи 22 омадааст: «Манзили шаҳс даҳлнопазир аст. Ба манзили шаҳс зуран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки конун мукаррар кардааст».
Дар моддаи 26-и Конститусия озодии вичдон кафолат дода шудааст. «Ҳар кас ҳак дорад муносибати ҳудро нисбат ба дин мустакилона муайян намояд, алоҳида ва ё якчоя бо дигарон динеро пайрави намояд ва ё пайрави накунад, дар маросим ва расму оинҳои дини иштирок намояд». Дар баробари ин Конститусия ҳамчунин дигар ҳукукҳои шаҳрвандонро аз кабили маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонй, иштирок дар ҳаёти сиёсй ва идораи давлатй, ширкат дар мачлис ва гирдиҳамой, намоиш, раҳпаймоии осоишта, озодии суҳан, нашр, ҳукуку истифодаи воситаҳои аҳбор, ҳукук ба моликият ва мерос, ҳукук ба меҳнат, интиҳоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи ичтимой ҳангоми бекорй, ҳукук ба манзил, ҳукук ба истироҳат ва ҳифзи саломатй, ҳукук ба таҳсил ва дигар меъёрҳои ҳукуки башарро кафолат додааст.
Дар баробари ҳукукҳо Конститусияи кишвар ҳамчунин вазифаҳои шаҳрвандонро низ мукаррар намудааст. Чунончи, дар моддаи 42 Конуни Асосй дарч гардидааст, ки «дар Точикистон ҳар шаҳс вазифадор аст, ки Конститутсия ва конунҳоро риоя кунад, ҳукук, озодй, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.Надонистани конун чавобгариро истисно намекунад».
Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шаҳс новобаста аз он, ки дар кадом мансабу вазифа кор мекунад, вазифадор аст, ки конунҳои давлатро донад ва онҳоро риоя намояд. Дар ҳоле, ки шаҳс конунҳоро намедонад, албатта ҳар гуна конуншиканиро аз у интизор шудан мумкин аст. Вале ин ҳолат шаҳсро аз чавобгарй озод намекунад. Ҳамин мавкеъи Конститутсия ҳар як шаҳсро вазифадор менамояд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати ҳукукии ҳуд пайваста кушиш намояд. То вакте ки дар доираи конунҳои амалкунандаи мамлакати ҳуд кору зиндагй карданро наомузем, ҳудро озод ҳис карда наметавонем. Дар ҳамин чо суҳанҳои ҳикматомези Ситсерони бузургро овардан ба маврид аст: «Агар ҳоҳй, ки озод бошй гуломи конун бош!»
Дар моддаи 43-и Конститусия бошад, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиклолият, амният ва иктидори мудофиавии он вазифаи мукаддаси ҳар шаҳрванд эътироф гардидааст. Конститутсия ҳамчунин ҳамаи мо шаҳрвандонро вазифадор намудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таъриҳию фарҳангиро ба чо оварем, пардоҳти андозҳоро, ки конун мукаррар кардааст, таъмин намоем.
Ҳамин тарик, Конуни Асосии кишвар, ки аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, ҳамаи паҳлуҳои сиёсй, иктисодй ва фарҳангии ҳаёти моро фаро гирифта, ҳукуку озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро, ҳамчунин салоҳияти макомотҳои асосии давлат ва ҳокимиятро мукаррар намудааст. Агар боби аввали Конститутсия асосҳои соҳтори Конститутсиониро дар бар гирад, боби дуюм, ки аз 35 модда иборат аст пурра ба ҳукук, озодй ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд баҳшида шудааст.
Боби даҳҳум бошад тартиби тагйири Конститутсияро дар бар мегирад.
Президент ҳомии Конститутсия ва конунҳо, ҳукуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиклолияти миллй, ягонагй ва тамомияти арзй, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлатй ва ҳамкории онҳо, риояи карордодҳои байналмиллалии Точикистон мебошад.
Ҳокимияти судй мутобики моддаи 84-и Конститутсия мустакил буда, аз номи давлат аз тарафи судяҳо амалй мегардад. Ҳокимияти судй ҳукук, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, конунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро дар Чумҳурии Точикистон Суди Конститутсионй, Суди Олй, Суди Олии иктисодй, Суди ҳарбй, Суди Вилояти Муҳтори Куҳистони Бадаҳшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иктисодии Вилояти Муҳтори Куҳистони Бадаҳшон, судҳои иктисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалй мекунанд. Мувофики талаботи ҳамин моддаи Конститутсия дар Чумҳурии Точикистон ташкили суди фавкулодда манъ аст.
Ҳамин тарик Конститутсия сарчашмаи ҳамаи конунҳо буда, риояи он барои ҳар як шаҳрванд ҳатмист. Ҳамин тарик, Конститутсия конуни зиндаги ва асоси давлату давлатдори буда, накши он дар таҳкими давлатдории мустакили мардуми точик ҳуб аён ҳаст.
Аз фурсати муносиб истифода бурда,ҳамагонро ба муносибати 30- солагии кабули ин ҳуччати сарнавиштсози миллату давлат табрику муборакбод намуда, ба ҳамагон саодату ҳушбаҳтиро орзуманда .
Зувайдуллозода М.М, прокурори
ноҳия, мушовири адлияи дарачаи 1