Новости

ИДИ КАСБИИ СУДЯҲО

Ҳокимияти  судӣ-шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ

         Ҳамасола  дар кишвари мо 26 октябр ҳамчун  Рӯзи  кормандони  Суд таҷлил мегардад. Ҳокимияти судӣ  воқеан ҳам шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ карда мешавад. Ҳокимияти судӣ  ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

         Ба муносибати Рӯзи кормандони  Суд 24 октябри соли равон дар идораи  Суди  ноҳия бо  иштироки раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, роҳбарони мақомоти  ҳизфи ҳуқуқ ва дигар шахсони ба ҳамин мақомот марбут чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд. Чорабиниро раиси Суди ноҳия Сафарзода Диловар бо сухани ифтитоҳӣ  ҳусни оғоз бахшид ва сипас  суханро ба раиси ноҳия  Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер дод.

         Дар баромади худ раиси ноҳия Шоҳиён З.Ф. қайд намуд, ки мақомоти судӣ  яке аз  шохаҳои асосӣ ва мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, дар барқарор  ва устувор намудани адолати иҷтимоӣ нақши  бузургу бориз дорад.

         Кормандони Суд ин вазифаи муқаддасу боифтихори худро бояд ҳамеша содиқона  ва одилона иҷро намоянд. Зеро ин мақоми давлатӣ тарафдори ҳақиқат буда, ба боварию эътитқоди кулли мардум ва арзу шикояти онҳо ҳамеша саҳми одилонаю оқилонаи худро мегузоранд.

         Баъд аз ин ба собиқадорон ва кормандони ин мақомоти давлатӣ, ки бо меҳнати ҳалоли худ ба нафъи халқ ҳамеша хизмат мекунанд, раиси ноҳия ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

                                                        Нуров Ф, Ш.Сафархоҷазода

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *