Хабарҳо Эълонҳо

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

       

                                               Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон

                                                                    Раиси ноҳияи Панҷ

 

                                                                               Қ А Р О Р

 

 Аз «11»  октябри   соли  2024                 №1284              н.Панҷ                                       

 

 

 

 

 

 

Дар бораи гузаронидани озмун барои

 ишғоли мансабҳои   холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

 

 

 

 

 

         Мутобиқи  моддаи 18-и  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қарор мекунам:    Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ:

– мутахассиси пешбари бахши фарҳангӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия;

– мутахассиси пешбари бахши молиявӣ ва хоҷагидории дастгоҳи раиси ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия;

– мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи  раиси ноҳияи Панҷ;

– мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия;

– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Озодагон;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;

– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– мутахассис  (хазинадор)-и  Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– сармутахассис ( муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– мутахассиси пешбари (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;

– сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Намуна;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида  шавад.

          2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.

          3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз  21 августи соли 2024, №1069 аз эътибор соқит дониста шавад.    

 

 

Раиси ноҳяи Панҷ:                            З. Шоҳиён                                                                     

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *