Хабарҳо

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд

1 октябри соли 2024 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон — Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода, ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои идома додани кор дар ин самт супориш доданд.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *