Сиёсат

Мубориза бо коррупсия вазифаи ҳар яки мост

Маълум аст, ки коррупсия (ришваситонӣ ва ё порахўрӣ) яке аз зуҳуроти мураккабу номатлуби иҷтимоӣ буда, аз қадимтарин замонҳо то имрўз ҷомеаи башариро дунболгирӣ мекунад ва аломату нишонаҳои онро дар ҳамаи кишвару давлатҳои олам ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Ба назари муҳаққиқону коршиносон, нишонаҳои аввалин дар бораи коррупсияи амалдорон дар бойгониҳои Бобулистони қадим (нимаи дуюми асри ХХIV то давраи мо), дертар дар қонунҳои машҳури Ҳаммурапи ба назар мерасанд. Дар замонҳои қадим «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронку-
нанда, зараррасонанда ва фурўхтани мансаб маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат бобати беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, ҳалли мушкилоти ҷойдошта, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, коҳиш додани фасоди молӣ (коррупсия), ташкили мубориза ва муковимати ҳадафнок алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ, поин бурдани сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва дар ниҳоят, ба вуҷуд овардани шароити шоистаю арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони кишвар тадбирҳои судманд меандешад ва ин раванд бомуваффақият идома дорад. Мафҳуми «коррупсия) дар конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъриф дода шудааст: «Коррупсия- кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайри- моддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ»
Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва баъдан мутобиқ ба стандартҳои байналмилии зидди коррупсионӣ», Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута қабул гардидаанд.
Ба сухани дигар, ошноӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 (аз 30 августи соли 2013, № 1504), Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (3 августи соли 2021, №222), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба Коррупсия» (аз 7 августи соли 2020, №1714) ва амсоли инҳо дониши ҳуқуқии шаҳрвандонро афзуда, роҳи муборизаро бо ришваситонӣ ҳамвор месозад.
Барои он ки дар самти муқовимат бо коррупсия муваффақ бошем ва дар самти муқовимат бо ришваситонӣ ва ришвакорӣ ба руйхати кишварҳои раддаи аввали ҷаҳонӣ дохил гардем, моро зарур аст, бо вабои аср муташаккилона мубориза барем ва ҳамеша бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, сатҳи ҷиноятҳои характери коррупсионӣ доштаро коҳиш дода, дар рушди кишвар саҳми муносиб бигузорем.

Ф. Шоев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат
ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Панҷ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *