Хабарҳо

2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ

                  Маърифати ҳуқуқӣ – тақозои замон

 

     Тибқи Нақшаи тасдиқнамудаи  раиси вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2024 оид ба чорабиниҳои  муштараки сохторҳои  дахлдори вилояти Хатлон дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат бо кормандони сохаҳои гуногуни ноҳияи Панҷ бахшида ба эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» 11-уми апрели соли равон дар толоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия намояндагони Прокуратураи вилояти Хатлон , Суд, Раёсатҳои КДАМ, РВКД, Раёсати агентии назорати мавлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Адлияи вилоят, мулоқот оростанд. Дар мулоқот Комиссариати ҳарбӣ, раёсатҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

    Нахуст судяди Суди вилоят Садриддин Наҷмуддинзода ва баъдан намояндаи прокуратураи вилоят Камолиддин Ҷамолиддинзода, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят Юсуф Обидзода, намояндаи шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилоят Умар Сафаров, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Рамазон Насриддинзода, намояндаи Раёсати  тандурустии вилояти Хатлон  Ҳаким Қурбонзода ва намояндаи Раёсати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилоят Мирзозода баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иброз доштанд.

   Баромадкунандагон саривақтӣ ва тақозои имрӯзу фардои  замон будани ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки дар давоми сол чорабиниҳои пешбинишуда ба рушду такомули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими демократия ва волоияти қонун,  коҳиш додани қонунвайронкунию ҷинояткорӣ ва амсоли инҳо барин масъалаҳою самтҳои барои кишвари азизамон таъсири бориз хоҳанд гузошт. Мулоқоти меҳмонон бо намояндагони аҳли заҳмати ноҳия хеле таъсирбахшу манфиатрасон доир гардид.

 

                Н. Фозилҷон,  П. Нуров                                                                 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *