Дар доираи чорабиниҳои ҳафтаи ҷавонон, ки ҳар сол дар нимаи дуюми моҳи май баргузор мегардад, бо ташаббус ва ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Бахши ҷавонон ва варзиш як силсила чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ ва варзишӣ гузаронида шуд. Рӯзи 23 май дар Боғи фаҳангию фароғатии ноҳия бо иштироки масъулин ва дигар кормандони ташкилоту муассисаҳо, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила таҳти шиори «Мо, ҷавонон, пайравони Пешвои миллатем!», инчунин ҷавонон бо шиору овезаҳои даъватӣ, Парчами ҷумҳурӣ дар хиёбони марказӣ роҳпаймоӣ баргузор намуданд. Ин бесабаб нест, зеро ҷавонон дар ҳар давру замон қувваи пешбаранда, неруи фаъолу боғайрати ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат бар дӯши онҳост.
Ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи миллат ва такгоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлоланд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳои ҷавонон хеле зиёд гардида, аз ҷониби давлату Ҳукумат қадрдонии шоиста шудаанд. Барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷал-би онҳо бо илмомӯзиву донишазхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарстии ҷавонон ҳама гуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ гардида истодаанд.
Пеш аз оғози ҷамъомад дар дар Боғи фаҳангию фароғатии ноҳия дастовардҳои варзишию ҳунарии ҷавонон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба даст овардаанд, пешкаши ҳозирин гардонда шуд.
Баъди азназаргузаронии дастовардҳо ҷамъомад оғоз ёфт. Раиси ноҳия, ҳамзамон узви Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер дар суханронии худ зикр намуд, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватананд. Ҳукумати мамлакат барои дастгирии ҷавонон, ҳавасманд гардонидани онҳо ва омӯзиши илму техника шароити хуби зиндагӣ ва таҳсилро роҳандозӣ карда, барномаҳои зиёдеро барои рушди фаъолияти ҳамаҷонибаи ҷавонон тарҳрезӣ намудаанд. Аз ин лиҳоз мо ҷавононро мебояд роҳи донишомӯзиро интихоб намуда, илм омӯзем, то ки ба бовариву эътимоди Пешвои муаззами миллатамон сазовор гардем.
Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз насли ояндасози кишвар умеди калон дорем. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст.
Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуқтаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд. Бо итминони комил метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми неруи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Дар чорабинӣ ба як қатор ханандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки дар озмуни «Тоҷикистон – ватани азизи ман», ки дар сатҳи вилоят натичагирӣ карда шуд ва сазовори ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ гардидаанд, аз тарафи раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Баъди қисмати сиёсии чорабинӣ аз тарафи ҳунарпешагони Бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин ва болида сохтани хотири онҳо дар васфи Модар-Ватан, Тоҷикистон, ҷавонон сурудҳо пешкаш карда шуданд.
Тазаккур додан ба маврид аст, ки тантанаҳои Рӯзи ҷавонон дар ноҳия дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Фозилҷон Нуров