Хабарҳо

Намояндагони Маркази миллии қонунгузорӣ дар ноҳия

16 апрели соли 2024 тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, як гурӯҳ кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳия омада, бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, номояндаҳои ташкилоту муассисаҳо, сокинон ва ҷавонони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин ҳайат Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Шеров, сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андози ҷумҳурӣ ва фаъолияти бонкии Маркази номбаршуда,  Наврӯзшоҳ Сабурзода, корманди Марказ шомил буданд.

     Дар мулоқот  баробари шарҳу тавзеҳи ҷанбаҳои паҳлуҳои гуногуни сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 ироа гардида буд, бармеоянд, инчунин дар бораи эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии шаҳрвадон, хизмати содиқона барои ҳифзи ватан ва дастовардҳои истиқлолият, гирифтани пеши роҳи хурофотпарастию терроризм ва экстремизм, авзои пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир ва таъсири он ба ҷумҳурии мо, ҳимояи ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон ва шаҳрванд, пешгирии падидаҳои бегонапарастӣ, рушди фарҳанги муосири миллӣ ва монанди инҳо барин масъалаҳои мубрами рӯз, роҳи усулҳои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта низ меҳмонон суҳбат оростанд.

    Дар идомаи суҳбат ва фарҷоми он байни иштирокчиён ва меҳмонон суолу посухҳои мавриди таваҷҷуҳ қарордошта доир гардид. Мулоқоти меҳмонон ва шаҳрвандони ноҳия дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронида шуд.

                                                                                                            

          Н. Фозилҷон, П. Нуров,

           Ш. Сафархоҷазода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *