Хабарҳо

Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси мувофиқаи бадастомада рӯзҳои 11-18 феврали соли 2024 дар шаҳри Бустони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо дар минтақаҳои боқимонда корҳои муштараки саҳроӣ гузаронида, дар натиҷа 1,11 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *