Дар ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳия масъалаҳои:
-ҳисоботи шашмоҳаи Шӯро;
-гузориши мудири Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»;
-тасдиқи нақшаи кори Шӯро;
-дар бораи даровардани тағйирот ба банди 21-и Низомномаи Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Панҷ;
-масъалаҳои ҷорӣ: рафти омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2023-и шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ.
Аз рӯи масъалаи аввали рӯзнома котиби масъули Шӯро, Нотариуси идораи нотариалии ноҳия Хайрулло Шоҳиён, вобаста ба масъалаи дуюм мудири Бахши САҲШ Г.Давлатзода гузориш доданд. Дар барасии ин масъалаҳо аъзоёни Шӯро ба музокира баромаданд.
Дар ҷаласа нақшаи кории Шӯро барои соли 2023 тасдиқ ва ба банди 21-и Низомномаи Шӯро тағйирот дароварда шуд.
Вобаста ба масъалаи ҷорӣ, яъне омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ комиссари ҳарбии ноҳия Идибек Ғоибзода баромад кард.
Ҷаласаро раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯа Фақер ҷамъбаст намуда, инчунин қайд кард, ки дастуру супоришҳои Пешвои мллат, Президенти кишвар, ки аз Паёми имсолаашон бармеоянд, ҷиҳати таъмири волоияти қонун, риояи талаботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва манфиатҳои давлат, ҷоннок кардани корҳои таблиғотӣ оиди даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳои ноболиғон, зуҳуроти коррупсионӣ, экстремистӣ, террористӣ, таълимоти ғайрирасмӣ, истемоли маводи мухаддир, тақлид ба либоспӯшии бегона, роияи ҳатмии талаботи қонунҳо ва ташвиқу тарғиби қонунҳо дар байни мардум ҳамаҷониба корҳо бурда шавад.
Ҷаласаи Шӯро бо ҳамин кори худро ба сомон расонид.
Н.Фозилон, П.Нуров