Тибқи хабари телефонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 01.08. 2023, №3 /198 дар ноҳия озмуни дастархонороӣ баргузор гардид. Озмун дар назди бинои мақомоти иҷроияи ноҳия бо иштироки роҳбарон ва масъулини бахшҳои дин ва танзими ҷашну маросимҳо, занон ва оила, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуд. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ба даври ноҳиявии озмун ғолибони даври аввалро пешниҳод намуданд.
Дар макони баргузории озмун ҳар ҷамоат ва маҳалла дастархони худро пешниҳод карда буд.Ҳайати тадорукоти озмун дастурхони густурдаи кадбонуҳоро як-як аз назар гузаронида, ба ҳар кадом дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баҳогузорӣ намуданд.
Баъдан ғолибонро муайян намуданд: ҷои якумро ҷамоати шаҳраки Панҷ ишғол намуда, сазовори Дипломи дарааи 1 ва 500 сомонӣ, ҷои дуюмро ҷамоати деҳоти Намуна созовор гардида, соҳиби Дипломи дарааи II ва 200 сомонӣ, ҷои сеюм насиби ҷамоати деҳоти Озодагон гардида, ба Дипломи дараҷаи III ва 200 сомонӣ сазовор гардид. ҷамоатҳои деҳоти Меҳвар, Нури Ваҳдат ва ба номи Сайфуддинов К барои иштироки фаъолонаашон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Озмун хеле шавқовару таъсирбахш баргузор гардид.
Н.Фозилон, П.Нуров