Дар ҷаҳони мутамаддин идеология ба силоҳи асосии мубориза дар ҳама ҷанба табдил ёфта, дар сурати оқилона ва фаври истифода шудан ғолибияти ин ё он кишвар ва натиҷаҳои хуб додани дилхоҳ иқдомро таъмин менамояд.
Бино ба гуфти ҳамсуҳбатам, дар шабакаҳои иҷтимои татбиқи сиёсати дугонаро низ мушоҳида намудан мумкин аст. Барои мисол, як қатор давлатҳо шабакаҳои иҷтимоии YouTube, Facebook, Twitter, Instagram ва чанде дигаронро уҳдадор кардаанд, ки ҳама гуна иттилооти хусусияти террористию экстремистидоштаро дар муддати кутоҳ аз саҳифаҳои худ тоза намоянд. Бояд донист, ки ин талабот нисбат ба давлатҳои абарқудрат, пуштибонони ширкатҳои технологи ва шарикони стратегии онҳо татбиқ шуда истодааст. Шоҳидем, ки дар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза даҳҳо видеоролику матолиби экстремистию террористи дар чунин шабакаҳо пахшу нашр мешаванд, аммо дар робита ба ин моликони шабакаҳои иҷтимои бетафовутанд. Нақши шабакаҳои иҷтимои дар ташкили ҳаракатҳои эътирози соли 2011, замоне, ки мавҷи инқилобҳо кишварҳои арабиро фаро гирифта буд, баръало эҳсос мешуд. Он замон шабакаҳои иҷтимоии «Twitter» ва «Facebook» ба эътирозгарон имкон доданд, ки фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд ва одамони зиёдро ба эътироз даъват намоянд. Чунин вазъиятро таҳлилгарон инқилоби интернети ва баъзан «инқилоби твиттери» ё «инқилоби фейсбуки» номида буданд.
Барои тақвияти суханони худ Хуҷамурод Сафарализода мисол овард: -Моҳи феврали соли 2011 дар сомонаи Агентии иттилоотии «Ал-Ҷазира» (Қатар) нисбат ба воқеаҳои “баҳори араб” чунин хулосаҳо навишта буданд: “Иттилоот – тавонои аст. Дар асри иттилооти бошад, «YouTube», «Facebook» ва «Twitter» яроқи муосири сафарбар намудани омма мебошанд”. Шабакаи телевизионии CNN воқеаҳои мазкурро “инқилоби интернети” ва “инқилоби насли дуюм” муаррифи карда, хулоса чунин буд: «Ташкилкунандагони инқилобҳои ранга тавассути иқтидори манипулятивии ВАО-и муосир (интернет, шабакаҳои иҷтимои) онҳоро тавре рўнамои менамоянд, ки ба инқилобҳои объективи шабоҳати бештар пайдо мекунанд. Аммо таҳлили равандҳои сиёсии ҷомеа, махсусан раванди ба амал омадани инқилобҳои ранга, ба назар гирифтани заминаҳои пайдоиш ва натиҷаҳои он нишон медиҳанд, ки ба таври объективи шакл гирифтани вазъият натиҷаи назарфиребии сиёси аст».
Тамоюли мазкурро ба назар гирифта, баъзе кишварҳо як қатор шабакаҳои иҷтимоиро созмонҳои экстремисти эълон намудаанд. Барои мисол, аз моҳи марти соли 2022 бо қарори Суди шаҳри Москва фаъолияти шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram экстремисти эътироф шуда, дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шуд. Молики шабакаҳои мазкур ширкати «Meta Platforms Inc» аз ҷониби мақомоти додгоҳии Федератсияи Россия созмони экстремисти дониста шуд. Мисолҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи шабакаҳои иҷтимои, аз ҷумла Twitter, Instagram, Facebook, YouTube, LinkedIn ва мессенҷерҳои Skype, Whatsapp, Viber, Zello дар кишварҳои гуногуни олам ҳамчун шабакаҳои шубҳаовар ва хатарзо имконнопазир аст.
Месазад ёдовар шавем, ки дар баъзе кишварҳо барои рўйи кор овардани шабакаҳои иҷтимоии ватани ҷидди машғуланд. Дар ин самт Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муваффақияти бештар доранд. Барои мисол, дар Хитой шабакаҳои иҷтимоии WeChat, Sina Weibo, Douyin/TikTok, Youku/Tudou, Tencent QQ ва дар Эрон бошад шабакаҳои иҷтимоии Gap, Soroush, iGap, Parsijoo, Cloob, Cafe Bazaar, DigiKala ва Aparat пурра ҷойгузини шабакаҳои иҷтимоии хориҷи шудаанд.
Таҷрибаи давлатҳои гуногун нишон медиҳад, ки онҳо барои пешгири намудани таъсири манфии шабакаҳои иҷтимои вобаста ба имкониятҳои техникию технологиашон роҳу усулҳои гуногунро истифода мебаранд. Як қисм давлатҳо шабакаҳои иҷтимоиро дар ҳолатҳои фавқулода муваққатан дастнорас мегардонанд. Гурўҳи дигар давлатҳо истифодаи баъзе шабакаҳои иҷтимоиро манъ карда, тадриҷан ба танзими шабакаҳои дигар мегузаранд. Гурўҳи сеюми давлатҳо, ки имкониятҳои зиёди технологи доранд, аз ҷумла Хитой шабакаҳои иҷтимоии барои онҳо зарароварро дастнорас гардонида, ба ҷойи онҳо шабакаҳои иҷтимоии ватаниро, ки танзимашон осон аст, мавриди истифода қарор дода истодаанд, – хулоса кард Хуҷамурод Сафарализода.
Шоҳидем, ки дар фазои иттилоотии кишварамон солҳои охир созмонҳои экстремистию террористи тавассути шабакаҳои иҷтимои ғояҳои тундгарои ва ифротгароии хешро тарғиб менамоянд. Дар натиҷа қисме аз ҷавонони кишвар, бахусус муҳоҷирони меҳнати, дар шабакаҳои иҷтимои мағзшўйи ва ба доми созмонҳои фаъолияташон мамнуъ афтодаанд.
Мо дар замони пуртазод зиндаги мекунем ва мушоҳида мешавад, ки давлатҳои низоми сиёсиашон гуногун ва ташкилотҳои байналмилали барои амали намудани «тарҳ»-ҳои худ беш аз пеш ҳавасманд ҳастанд, ки дар баъзе маврид бо манфиатҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор нест. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки гурўҳҳои дини-экстремисти ва террористии трансмилли худ аз худ пайдо намешаванд ва барои рўйи кор омадани онҳо ҳатман давлат ё ташкилоте ҳавасманд аст. Бо назардошти ин, барои тақвияту тавсеаи зиракии сиёси, пеш аз ҳама, ташаккули тафаккури милли, худшиносии милли ва ғояи милли зарур аст. Зарур аст, ки ба дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем.
Далер АБДУЛЛО,
раиси Комиссияи таҳлили ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавси
Бознашр аз рӯзномаи
“Минбари халқ”, №29 аз 26 июли соли 2023