Сиёсат Хабарҳо

ТАДБИРҲО ДАР САМТИ ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИ

Пас аз ба даст овардани Истилоли давлати роҳбарияти олии мамлакат ба масъалаи ташаккули худшиносии милли таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, бад ин васила бо андешидани тадбирҳои муҳим мардуми мамлакатро ба ҳифзи арзишҳои милли, таҳкими пояҳои давлатдори ва таъмини амнияти давлат ҳидоят намуд.

Аз рўзҳои аввали соҳибистилоли Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон барои ташаккули худогоҳи ва худшиносии милли тадбирҳои зиёд андешиданд, ки ин омил боиси эҳёи дубораи арзишҳои милли, ҳифз ва муаррифии дубораи онҳо дар арсаи байналхали гардид. Ин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон иборатанд аз:

– абули онун, барномаю консепсияҳо дар самти рушди худшиносии милли;

– эҳёи ҷашнҳои аҷдоди;

– бузургдошти солгарди муҳимтарин санаҳои таърихии миллат;

– бузургдошти солгарди фарзандони фарзонаи миллат;

– бунёду азнавсозии мероси фарҳанги;

– нашри адабиёти илмию адаби;

– гиромидошти муаддасоти милли.

Ҳамаи ин талошҳои Ҳукумати мамлакат боиси баланд гардидани ҳисси худшиноси ва худогоҳии миллии шаҳрвандон гардида, дар натиҷа ба тадбии ҳадафҳои милли оварда расонид.

Яке аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди худшиносии милли абули онуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон” мебошад, ки дар моддаи 3-и он гуфта шудааст: “Масад ва вазифаҳои тарбияи ватандўстии шаҳрвандон – ин ташаккули ҳувияти милли ва тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ватандўсти ба ҳисоб меравад”. Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии тарбияи ватандўсти ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” абул гардидааст, ки ин идомаи мантиии сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат мебошад. Ҳадафи асосии ин барномаҳо, пеш аз ҳама, ташаккули ҳувияти милли ва ба ин восита ҳифзи истилоли давлати аст. Зеро истилоли давлати бо худшиносии милли зич алоаманд аст. Танҳо миллати худшинос ва дорои ҳисси баланди ватандўстию ифтихори милли метавонад истилоли худро ҳифз кунад.

Талошҳо дар самти шиносоии аҳоли ба сарчашмаҳои ташаккули худшиносии милли, аз ҷумла китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ѓафуров, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон сурат гирифтанд, яке аз тадбирҳои муҳими давлати дар самти рушди худшиносии милли мебошад, чун бо воситаи ҷалби васеи шаҳрвандон ба омўзиши ин китоб тафаккури милли ташаккул меёбад. Бо ин роҳ шаҳрвандон аз гузаштаи худ огоҳ мегарданд, ки ин ба баланд гардидани ҳисси худшиносию худогоҳии онҳо мардум мусоидат мекунад.

Тавре ки Сарвари давлат таъкид кардаанд: “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест”. Дар ҳаиат, омўзиши таъриху фарҳанги ниёгон, аз як тараф, ба ташаккули худшиносию худогоҳии милли оварда расонад, аз тарафи дигар, бо огоҳи аз дарсҳои таърихи инсон аз арзишҳои инсонию умумибашари хабардор шуда, бо ин восита ба камолоти маънави ва маърифати мерасад.

Пас худшиноси ин дараҷаи баланди шинохт ва маърифат аст, ки ҳангоми расидан ба ин зина шахс моҳияти мавҷудияти худро дар олами ҳасти дарк мекунад. Аз худии худ бархўрдор мешавад, гузаштаи худро медонад ва фаъолияти худро дар асоси меъёрҳои инсони, ахлои ва умумибашари ба роҳ мемонад.

Аз ин нуктаи назар, метавон натиҷагири кард, ки ҳадафи асосии таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат ба масъалаи ташаккули худшиносии милли аз он иборат аст, ки бо ин васила ҳам хотираи таърихи ниёгон ҳифз гардида, маънавиёти шаҳрвандон боло бурда мешавад, ҳам мардум дар руҳияи худшиносию худогоҳии милли тарбия ёфта, дар натиҷа ин омил ба ташаккули шуури милли оварда мерасонад.

Таҷрибаи давлатдори собит сохтааст, миллате, ки шуури миллии он ташаккул наёфтааст, афроди он наметавонанд ҳимоягари манфиатҳои милли бошанд. Агар шуури милли заиф бошад, бегонапарасти дар байни афроди он миллат пайдо мегардад ва ин омил ба парокандаги ва ҳатто азбайнравии миллату давлат боис мегардад.

Пас, тавассути ташаккули худшиносии милли шуури милли инкишоф ёфта, муаддасоти милли ҳифз гардида, бегонапарасти дар миёни афроди миллат пешгири карда мешавад. Илова бар ин, тавассути ташаккули худшиносии милли дар замири афроди миллат муҳаббат ба ватан, ифтихор аз ватандори ва арзишҳои милли парвариш меёбад. Чуноне ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон айд мекунанд: “Ҷавҳари худшиносии милли аз дўст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихию фарҳанги сарчашма гирифта, ба ташшакули шахсияти дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.

Дар ҳаиат, бо шинохти воеии мафҳумҳои Ватан, модар, забон, таърих ва фарҳанги милли ва истилолу ваҳдати милли дар албу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси худшиносии милли устувор гардида, эҳтиром ба ин арзишҳоро ба вуҷуд овард. Махсусан дар марҳилаи кунуни, ки замони авҷ гирифтани падидаи ҷаҳонишави аст ва ин боиси аз байн рафтани фарҳангу тамаддунҳо ва ҳастии миллату давлатҳо, бахусус давлатҳои милли гардидааст. Дар чунин шароит ташаккули худшиносии милли боиси устувории пояҳои давлатдори, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати милли мегардад.

Худшиносии милли кафили ҳасти ва пойдории давлату миллат буда, он омили асосии муттаҳиди ва давлатсози ба ҳисоб меравад. Агар ҳар нафар худшиносу худогоҳ бошад, ифтихор аз давлату миллат намуда, арзишҳои миллиро ҳифз мекунад, манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои шахсию гурўҳи боло медонад ва дар ободкорию бунёдкори ва таҳкими пояҳои давлатдори саҳми худро мегузорад.

Мо – тоҷикон аз замонҳои адим миллати соҳибтамаддун, дар баробари ин, фитратан ватандўсту миллатдўст ва худшиносу худогоҳ мебошем. Маҳз ҳамин хислати фитри ва азалии ниёгонамон буд, ки дар давраҳои гуногун ва дар марҳилаҳои хеле душвори таърихи арзишҳои милли унсурҳои фарҳанг ва дар маҷмуъ, ҳастии худро ҳифз карда, онҳоро ба мо мерос мондаанд. Аз ин рў, моро зарур аст, ки идомадиҳандаи ҳамин хислатҳои гузаштагонамон бошем ва дар марҳилаи кунуни, ки аз назари сиёси ва иҷтимои хеле марҳилаи ҳассоси таърихи дониста мешавад, фарҳангу тамаддун, арзишҳои милли ва дар маҷмуъ, ҳастии миллату давлати худро ҳифз намоем.

Муҳаммад ТАЃОЙМУРОДЗОДА,

узви Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур

Бознашр аз рӯзномаи

“Минбари халқ”, №29 аз 26 июли соли 2023

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *