Хабарҳо

Ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддас

 

3майи соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф., муовини сардори Раёсати корҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон              Т. Назаров ва роҳбарони муассисаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаҳои маҳалла, имомхатибҳои масоҷид, роҳбарони бахшу шуъбаҳои мақомоти иҷроия ва фаъолони ноҳия  ҷамъомади калон баргузор гардид. Ҳадафи асосии ҷамъомад даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ташвиқу тарғиби онҳо, тарбияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, андешидани чораҳои зарурӣ ва таъхирнопазир ҷиҳати иҷрои Нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ва монанди инҳо барин масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор мерафт.

Толиб Назаров, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон, дар баромади худ нисбати рафти иҷрои Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки масъулин дар ин самт ҳанӯз корҳои назаррасро пурра ба сомон нарасонидаанд ва иҷрои Нақшаи даъват ниҳоят суст идома дорад. Аз ин лиҳоз, Комиссариати ҳарбӣ, ҳар як роҳбари ташкилоту муассиса, ҷамоатҳо ва масъулини ҳамин    самтро зарур аст, ки корро аз ҳамин лаҳзаҳо ниҳоят ҷиддӣ ба роҳ монанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва махсусан Комиссариати ҳарбӣ ҳаргиз ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд, тамоми фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо Комиссияи ноҳиявии даъват тарзе ба роҳ монанд, ки Нақшаи даъват сари вақт ва бечунучаро иҷро карда шавад. Барои расидан ба ин мақсад корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро бояд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монем.  Аз ҳозир дар ҳар як ҷамоат гурӯҳҳои корӣ ташкил дода, усули хона ба хона фаҳмондани қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҷиҳати уҳдадории ҳарбӣ, хизмати ҳарбӣ ва иҷрои талаботи ин ҳуҷҷатҳоро пурра роҳандозӣ намоем.

Моро лозим меояд, ки на фақат нисбати даъвати баҳории ҷорӣ, балки дар бобати даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ чораҳо андешем, зеро даъвати тирамоҳӣ шояд аз ҳозира дида душвортар гардад.

Раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. дар фарҷоми ҷамъомад баромад карда, аз масъулин, Комиссияи ноҳиявии даъват, раисони ҷамоатҳо, Комиссариати ҳарбӣ ва умуман гурӯҳҳои корӣ ҷиддӣ талаб кард, ки ҳар кадом дар самти иҷрои Нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ саҳми муносиби худро гузоранд ва дар ин бобат на як бору ду бор, балки тамоми сол бояд чораҷӯӣ кунем. Боварӣ дорам, изҳор намуд раис, ки фаъолони ноҳия, ҳамаи аҳли нишаст бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолияти худро пурзӯр менамоянд.

Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *