Хабарҳо

Гурӯҳи таблиғотӣ дар байни мардум

Тибқи дастури раисони вилоят ва ноҳия бо мақсади бартараф намудани камбудию норасиҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони вилоят 27 апрели соли 2023 дар ноҳияи Данғара баён карда буданд, дар ҳама минтақаҳо гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуд. Минҷумла дар ноҳияи мо таҳти роҳбарии директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Н.Бояков, дар ҳайати муовини раиси ноҳия  М.Раҷабзода, раиси К.И. ҲХДТ дар ноҳия  К.Файзизода, мудири шуъбаи маориф А.Одилзода, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат М.Олимов, мудири Бахши кор бо занон ва оила Л.Саидзода, Д.Давлатхоҷев, мудири Бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашни маросим, С.Асадуллозода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Г.Маҳмадҳакимова, котиби комиссия  оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия,  гурӯҳи таблиғотӣ таъсис ёфта, рӯзҳои 7-8 июни соли равон дар ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат, ба номи Сайфуддинов Кабут, Озодагон, Меҳвар, Намуна ва шаҳраки Панҷ бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Н.Бояков, директори МНДСЭ вилоят, дар суҳбатҳои худ ҷиҳати  баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии наврасону ҷавонон, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,ҷилавгирӣ аз тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон, занон, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавонон, истифодаи самарабахши қитъаҳои замин, риояи  талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд.

Ҳамчунин М.Олимов дар баромади худ ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки заминҳо, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ғалладона, озуқадиҳии зироатҳо, захираи ақаллан дусолаи озуқаворӣ ва монанди инҳо ибрози андеша кард.

Мулоқотҳои гурӯҳи корӣ манфиатбахшу ҳадафнок баргузор гардиданд.    

                                                       

                                                                   Н.Фозилҷон, П.Нуров

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *