Кишоварзӣ

Кишти картошкаю пиёз зарур

   9 феврали соли равон дар толлори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон А.Салимзода ҷамъомади васеъ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту  муассисаҳо, имомхатибҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ,раисони кумитаҳои маҳалла ва дигар фаъолон ширкат доштанд.

Дар ҷамомад муовини раиси вилоят нахуст дар бораи кишти зироатҳои кишоварзӣ, махсусан картошкаю пиёз ва дигар зироатҳо, ки амнияти озуқавории кишварро таъмин мекунанд, сухан ронда, заруруати кишти онҳоро ҳамчун тақозои рӯз таъкид намуд.Аз масъулини соҳаи кишоварзӣ ва роҳбарон ҷиддӣ талаб карда шуд, ки ба кишти зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус картошкаю пиёз, ҳоло ки имконият ҳаст, муташаккилона машғул шаванд.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир,тазоду муноқишаҳо,ҷангу хунрезиҳои даҳшатнок, тағйирёбии иқлим, ҳодисаҳои гӯшношуниди  табиӣ,обхезию заминҷунбиҳо, селу сӯхторҳо барои мардуми сайёра мушкилоти зиёдеро ба бор овардаанд.Албатта, чунин вазъият ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвари мо низ бетаъсир намемонад.Аз ин лиҳоз моро зарур меояд, ки барои таъмини озуқаворӣ, захира намудани маводи хӯрока барои ду-се сол ҷиддӣ машғул шавем.

Раисони кумитаҳои маҳалла, ҷамоатҳо ва ҳамаи фаъолон бояд ҳамин зарурату вазъиятро ба якояки мардум расонанд ва онҳоро ба киштукори зироатҳо, хусусан картошкаю пиёз сафарбар кунанд.

Муовини раиси вилоят ҳамчунин дар баромади худ ба масъалаҳои тоза кардани заминҳо, анҷом додани шудгор дар сари вақт,кандани заҳбуру заҳкашҳо, рушду нигоҳубини чорво, зимистонро муташаккилона паси сар кардан дахл намуд    

 

     

Инчунин мавсуф дар баромади худ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сари вақт анҷом додани нақшаи даъват ҳамаҷониба  омодагӣ бигиранд.

Раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. дар баромади худ  роҳбарияти вилоятро бовар кунонид, ки мардуми ноҳия супоришҳои имрӯзаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, ҷашнҳои дарпешистода, махсусан 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати ҳалоли худ истиқбол мегиранд.

                                                                           Н. Фозилҷон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *