Сиёсат

Ташрифи Пешвои миллат ба ноҳияи Панҷ Ифтитоҳи Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷ пас аз навсозӣ ва парафшонии Парчами давлатӣ

1 ноябр дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи марказии фарҳангию фароғатиро пас аз навсозӣ мавриди баҳра-бардорӣ қарор дода, Парчами давлатиро дар вазъияти тантанавӣ парафшон намуданд.
Тибқи лоиҳа баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Панҷ 34 метр буда, матои он 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Иншооти фарҳангию оммавӣ дар идомаи тадбирҳои созандаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва сатҳу сифати баланд аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” навсозӣ ва бунёд шудааст.
Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Панҷ ҳамчун рамзи истиқлолу пойдории давлат дар идомаи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ба симои шаҳрак зебоии хоса зам мекунад ва эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ифтихори миллиро дар замири сокинон, аз ҷумла наврасону ҷавонон бедор менамояд.
Роҳравҳои атроф ва ҳудуди иншоот бо санъати баланди меъморӣ дар масоҳати 2700 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуда, бо ниҳоли дарахтони гуногуни ороишию ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг зиннат ёфтааст.
Бо мақсади таъмини истироҳати хубу бофароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди иншооти фарҳангӣ 28 нишастгоҳ ва 8 суҳбаткада гузошта шуда, 4 фаввора бо тарҳу шакли муосир бунёд гардидааст.
Равшании ҳудуди Парчами давлатӣ ва Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷро шабона чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл, аз ҷумла 9 адад бо баландии 10 метр таъмин мекунад.
ҳамзамон барои дастрасии сокинону меҳмонон ба хизматрасониҳои замонавӣ дар ҳудуди боғ нуқтаи хизматрасонӣ ташкил гардида, бо мақсади нигоҳдории тозагии иншооти фарҳангӣ дигар тадбирҳои муҳим низ амалӣ гардидааст.
Дар Боғи марказии фарҳангию фароғатӣ дар асоси лоиҳа атраксионҳо барои бозӣ ва дилхушии кӯдакон насб шудааст.
Дар Майдони Парчами давлатӣ ва Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Панҷ барои сайругашт ва истироҳати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам буда, барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни оммавии фарҳангиву фароғатӣ хеле мувофиқ мебошанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои суҳбат бо фаъолону ҷавонон навсозӣ гардидани Боғи фарҳангию фароғатӣ ва парафшонии Парчами давлатиро дар маркази ноҳияи Панҷ дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатдорӣ маънидод карданд.

Ифтитоҳи бинои маъму-рӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Бинои маъмурӣ ва хонаҳои хизматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супориданд.
Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати мамлакат аз тарафи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Консол”-и шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва тарҳи муосир анҷом ёфтааст.
Бинои навбунёди маъмурии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз 5 ошёна иборат аст.
Иншоот бо шабакаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии дар иншоот анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Атрофи иншоот дар идомаи тадбирҳои созандагӣ чароғон карда шуда, роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш гардидаанд
Аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони мақомот 6 адад техникаи ҳарбикунонидашуда туҳфа гардид.

Ба истифода додани бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон
дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасонро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ бо дастгириҳои давлат ва ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар масоҳати 216 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Бинои Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Панҷ дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда шудааст.
Дар Марказ 17 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва кордон ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин гардидаанд, ки дар амалисозии барномаҳои нави таълимӣ саҳми босазо мегузоранд. Марказ дорои шароити муосири таълимӣ буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 200 кӯдак дар 12 гурӯҳ пешбинӣ шудааст.
Мувофиқи лоиҳа дар ошёнаи якуми бинои Марказ 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардида, маҷлисгоҳ, китобхона, синфхонаи лингафонӣ, рассомӣ ва дӯзандагӣ дар ошёнаи дуюм мавҷуд мебошанд.
Раванди таълим дар ин маркази навбунёд бо забонҳои тоҷикӣ, русиву англисӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон дар он кӯдакон ба омӯзиши ҳунарҳои рассомӣ, дӯзандагӣ ва пазандагӣ ҷалб карда мешаванд.
Корҳои сохтмониро кормандону мутахассисони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Универсал электромантаж” дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд анҷом додаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар марказ фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Иншоот дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,50 гектар замин бунёд ёфта, сохтмони онро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонидаанд.
Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 20 метр буда, бо истифода аз масолеҳи аълосифат бунёд ёфтааст. Қутри Нишони давлатӣ 2 метр-ро ташкил дода, дар маҷмуъ баландии он бо сутунпояаш ба 22 метр баробар аст.
Зинапояҳои назди Нишони давлатӣ бо истифода аз сангҳои ороишии ватанӣ зиннат ёфтаанд.
Дар майдони Нишони давлатӣ ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуда, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон 15 нишастгоҳ мавҷуд аст. Дар ин ҷо ҳамчунин як шаршараи зебо бо тарҳи муосир бунёд гардидааст, ки ҷолиби диққат мебошад.
Иншоот мутобиқ ба меъёрҳои муосир бунёд ёфта, ба макони асосии тамошо, сайёҳату фароғати сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун бо ҷалби наврасону ҷавонон табдил ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон барои нигоҳубини хуби иншоот ва сабзу хуррам намудани атрофи он дастуру ҳидоятҳо доданд.

Оғози корҳои сохтмонии парки технологии инноватсионӣ дар ноҳияи Панҷ

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба корҳои сохтмонии парки технологии инноватсионӣ ҳусни оғоз бахшиданд.
Масоҳати парки технологии бунёдшаванда 3 гектарро ташкил намуда, оянда дар он ҷиҳати амалигардонии ҳадафи 4-уми стратегии давлату ҳукумати кишвар – саноатикунонии босуръати мамлакат коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.
Тибқи нақша дар парки технологӣ бо ҷалби соҳибкорону дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 9 корхона ба нақша гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли орду равған, коркарди меваю сабзавот, сачоқҳои яккарата, обҳои ташнашикан, маҳсулоти қаннодиву макаронӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор равона мегарданд.
Баъди пурра ба истифода додани корхонаҳои сохташаванда зиёда аз 200 ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад.
Маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои бунёдшаванда воридотивазкунанда буда, дар қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ бо чунин маҳсулот мусоидат менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар 30 шаҳру ноҳияи мамлакат чунин паркҳои технологӣ таъсис меёбанд, ки дар натиҷа шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба маротиб зиёд мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси парки технологиро дар ин ноҳияи дурдаст саривақтӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдӣ ва дар оянда истеҳсоли маҳсулоти босифат ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба истифода додани бинои панҷошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Панҷ бинои 5-ошёнаи истиқоматиро бо марказҳои савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Сайдаҳмад Мараҷабов дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.
Иншооти баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз 2 бино иборат аст, дорои 51 хона, аз ҷумла 23 хонаи якҳуҷрагӣ, 18 хонаи дуҳуҷрагӣ ва 10 хонаи сеҳуҷрагӣ мебошад.
Дар ошёнаи 1-ум марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир аст, ки барои нуқтаҳои фурӯши шириниҳо ва дигар молҳои ниёзи мардум пешбинӣ гардидааст.
Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити манзилҳои зист ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро дар самти бунёдкорию ободонӣ шоиста арзёбӣ намуданд.
Оилаҳои ҷавоне, ки дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ соҳиби хонаҳои барҳаво гардиданд, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла ятимону бепарасторон дар сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумати мамлакат мавқеи махсус дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ бо 122 нафар ятимону бепарасторон, ки аз 7 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳам омадаанд, суҳбати самимона анҷом дода, ҳар яки онҳоро бо туҳфаҳои арзанда, ки аз китоб, сару либоси зимистона ва кумакҳои молиявӣ иборат буд, қадрдонӣ намуданд.
Бо ҳамин сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Панҷ ба анҷом расид.
www. ргеsidеnt. Tj

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *