Таҷлил

Вусъати корҳои ободонӣ

Имрӯзҳо дар ноҳия бо истифода аз рӯзҳои гарму офтобӣ корҳои ободонию тозакунии муҳити зист ва бунёдкорӣ торафт вусъати тоза ёфта истодаанд. Махсусан баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони муассисаю корхонаҳо, ташкилотҳои ноҳиявӣ, дар деҳот аҳли заҳмат дар мавридҳои фориғ аз кор ва рӯзҳои истироҳатӣ сарҷамъона ба тоза кардани муҳити гирду атроф, кӯчаю маҳаллаҳо, ҳавлию хонаҳои худ, муассисаю корхонаҳо машғул шуда истодаанд. Чунин иқдомҳо на фақат дар маркази ноҳия, балки дар ҷамоатҳои деҳот низ ҷонибдорӣ меёбанд.

Ҳамин ташаббусҳои некро мардуми ноҳия дастгирӣ намуда, то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доданианд ва ба ин восита кӯчаю деҳаю маҳаллаҳои худро боз ҳам зиннати тоза бахшида, ободу зебо мекунанд.

П. Нуров, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *