Хабарҳо

Забон-рукни асосии миллат

Ҳамасола рӯзи 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ дар кишварамон  ботантана ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар ноҳияи мо низ дар Қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади мутантан барпо гардид. Дар ҷамъомад роҳбарони ноҳия, сарварони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд. Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён З.Ф. ба сухан баромада, дар бораи забони давлатӣ ва мақому манзалати он дар пешрафти ҷомеаи инсонӣ суханронӣ намуд. Таъкид гардид, ки забон пояи асосии миллат, рукни муҳимтарини он маҳсуб ёфта, дар ташаккули маърифату фарҳанги ҷамъият нақши ниҳоят муҳим дорад. Забони тоҷикӣ тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ мақом дорад ва дар кишвари мо тамоми ҳуҷҷатҳо, ҷаласаю машваратҳо, қонунҳо, муоширати одамон маҳз бо ҳамин забон сурат мегирад.

                 

Раиси ноҳия тамоми иштирокчиён ва тавассути онҳо мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният намуд. Сипас, барои иштирокчиён аз ҷониби ҳунарпешагони  Қасри фарҳанги ноҳия консерти калони идона намоиш дода шуд.

Рӯзи забони давлатӣ дар корхонаю муассисаҳо ва таълимгоҳҳои ноҳия низ ботантана қайд карда шуд.

  Н. Фозилҷон, Гулчеҳра, П. Нуров

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *