Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З.Ф. дар чорабинии тантанави бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9.09.22)

 

Ҳамдиёрони азиз, меҳмонон ва          

          ҳозирини гироми!

Дар масири ҳазорсолаҳои таърих оини давлату давлатдории тоҷикон мушкилиҳои сахту сангин ва гузашта аз ин таназзулу эҳё шуданро аз сар гузаронида, дар натиҷа боз аз сари нав эҳё шудаву камолоти нав ва афзунеро ноил гардид.

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри 20 ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳодияи Шӯравӣ арзи ҳасти намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ташаккул ёфт ва ба камол расид.

Гузашта аз ин Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Соҳиб гардидан ба Истиқлолияти комили давлатҳ, ки бо санади сарнавиштҳои Эъломияи  соҳиб- истиқлолҳ решапайванд аст, бузургтарин арзиш аз дастоварди халқи тоҷик дар давраи давлатдории навини таърих мебошад. Раванди амалии навсозии низоми сиёсии ҷомеа, сохтори давлатҳ, низоми ҳуқуқҳ ва идорию сохтори бар асоси меъёр ва талаботи ҷомеаи демократи дар ҳамин санад матраҳ гардида буд.   

Бо вуҷуди даргириҳои сиёси ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандҳ 31 соли созандаву бунёдкори, дастовардҳои беҳамтои замони Истиқлолияти давлатҳ,  арзиши таърихии ин санадро нишон медиҳад. Ин санади сарнавиштсоз матлабҳои зиёди дигаре, ки ҳар яке аз соҳибихтиёрии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, дар худ таҷассум намуда, мустақилияти мамлакатро ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилали расмият бахшид.Ҳама молу амвол, дороии заминию зеризаминии қаламрави ҷумҳури моликияти Тоҷикистон эълон гардид.

Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи абармарди арсаи сиёсат ва таърихи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни муҳимтарин санаи таърихӣ, ки дар масири давлатдории навини халқи тоҷик бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд, яъне 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо шукргузорҷ аз сулҳу субот, ва соҳибистиқлолии кишвар онро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳанд кард.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин санаи воқеан муҳими таърихи ва барои миллати тамаддунсози тоҷик фаромӯшнашаванда табрику муборакбод намуда, барои Шумо пеш аз ҳама саломатҷ, хушбахтҷ, фараҳу шодмони, рӯзгори ободу осуда, саодату комёби ва зери парчами сулҳу субот зиндаги намуданро таманно дорам.

Ҳамдиёрони  азиз!

     Бузургтарин неъмат ва падидае, ки инсониятро аз олами нобудии маънави ба саҳифаи ҳастии фарҳанги расонид, озодии фикр ва ирода аст. Маҳз мавҷудияти чунин озоди ва эҳсоси соҳибихтиёрҷ баъдан Истиқлолияти ҳуқуқи ва ҳастии ӯро ҳамчун махлуқи бошуур дар масири таърих таъмин намуд.

   Ҳамзамон Истиқлолияти давлати волотарин дастовард ва  падидаи сиёси дар таърихи давлатдории навини халқи тоҷик маҳсуб ёфта, оғози эҳёи навини миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои давлатдории аҷдодҷ ба шумор меравад.

 Бо вуҷуди роҳи ноҳамвори давлатдори ва сатҳи печидаи таъмини ҳуқуқу озодиҳо дар масири таърих, то имрӯз Истиқлолияти давлати ягона воситаи муҳим ва муассири эътироф ва эҳтироми ҳаққи худмуайянкунии халқу миллатҳост. 

Аз ин нуқтаи назар барои ҳар як шахси озодихои, худшинос, комилҳуқуқ ва фарзанди солеҳи замона, ки имрӯзу фардои худро дар мизони хирад, дар доираи манфиатҳои давлату миллат дида тавониста, қудрати дарки неку бадро барои худ ва фарзандонаш дорад неъмате бузург, муқаддас ва гиромитар аз Истиқлолияти давлати буда наметавонад.

Додгоҳи таърих ва тақдир миллати моро дар саргаҳи эълон ва интихоби соҳибихтиёриву муайян намудани мазмун ва муҳтавои табиати давлатдориаш бо омилҳои мухталифи дохиливу хориҷи, мутаассифона ба ҷанги шаҳрванди ва моҷароҳои зиёди сиёси, маънави ва иқтисодиву иҷтимои рӯ ба рӯ намуд.

Вале таърих гувоҳ ва мову Шумо шоҳид ҳастем, ки баъди роҳбарии ин миллати ба хоку хун оғуштаро ба душ гирифтани фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷанги бемаъни ва барои давлату миллати тоҷик зиёновар хотима дода шуда, сулҳу субот ва ваҳдати комил дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардид.

Муҳимтарину арзишмантарин  дастоварду комёбие, ки мо дар замони соҳибистиқлолиямон ба даст овардем, аз хатари нести наҷот додани давлатдории миллии тоҷикон ва зери роҳбари ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон барқарор намудани сулҳу суботи комил дар тамоми қаламрави кишвари азизамон мебошад.    

       Дар вожаномаи фарҳанги тафсирии забони тоҷики калимаи “Истиқлолият” ба маънои “мустақили, соҳибихтиёри, озоди ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсиву иқтисоди ва фарҳангии худ” тавсиф шудааст. Ба ин манзур, “Истиқлолият” моҳияти дар арсаи ҷаҳони эътироф гардидани низоми давлатдории милли ва роҳандозии мустақилонаи сиёсати иқтисодиву иҷтимои ва илмиву фарҳангии мамлакатро ифода мекунад.

      Дар заминаи соҳибистиқлолии кишварамон сулҳу субот ва оромии сартосари ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури аз ҷумла ноҳияи мо низ дигаргуниҳои кулли ва дастовардҳои назаррас  ба амал омаданд.

Чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури дар доираи иҷрои Нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 232 иншооти ба нақша гирифташуда, то имрӯз 23 иншоот мавриди  истифодаи сокинони ноҳия қарор  дода шуданд.

Аз ҷумла панҷ иншоотҳои соҳаи маориф, як  толори варзиши, як корхонаи дӯзандаги, як  корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии қуму шағал,  як корхонаи коркарди меваю сабзавот ва басту банди меваи хушк,   таъмири роҳҳо бошад дар масофаи 4,6 км, панҷ маркази хизматрасонҳ ва савдо ва  6 адад дигар бинову иншоотҳои ҷашни мебошанд.

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия гардидааст, ки дар он сохта ва ба истифода додани 25 коргоҳу корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ бо таъсиси 234 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудаанд. Имрӯз дар ноҳия 12 корхонаи саноатӣ  (шахси ҳуқуқӣ) ва 82 соҳибкори инфиродӣ ба истеҳсоли зиёда аз 20 намуд маҳсулотҳои саноатӣ машғул мебошанд.

       Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба  57 млн. 330ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 млн. 121ҳазор сомонӣ ё ин, ки суръати афзоиш ба 20,8 фоиз баробар гардида аст.

      Дар доираи таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегҳ дар давоми 7 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои  кишоварзӣ  487,5 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи  соли 2021  24,9 млн сомонӣ зиёд  мебошад. Ҳамзамон ҷиҳати таъмини саривақти хоҷагиҳо бо оби полезӣ аз ҷониби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 17 адад иншоотҳои гидротехникӣ, 21 адад иншоотҳои обченкунак ва 48 адад агрегатҳои истгоҳҳои обкашӣ фаъолият намуда истода, кишти зироатҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ таъмин гардида истодааст.

      Имрӯз дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба  маблаҷи 5,5 млн доллар амалӣ шуда истодаанд, ки маблағи умумии азхудшудаи онҳо то имрӯз 382,8 ҳазор доллари амрикоиро  ташкил медиҳад.

Ҳамватанони азиз!

Рақамҳои дар боло овардашуда далел ва гувоҳи онанд, ки бо шукргузории аз соҳибистиқлолии кишвар, суботи сиёси ва сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия рушд намуда, сол то сол сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтару хубтар гардида истодааст.

Дар баробари ин таърихи масири давлатдории навини тоҷик гувоҳ аст, ки таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати созандаву бунёдкорона, оқилонаву хирад- мандона ва сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон сарчашма гирифта, пайванди ногусастани дорад.

Ҳадаф аз таҷлили ин санаи барои  миллати тоҷик муҳиму таърихи арҷ гузоштан ба корномаҳои бузургони миллат, пеш аз ҳама шинохти ростини таърих, дарки амиқи фалсафаи ҳикмату фарҳанг, тарғиби адабиёти ҷаҳоншумули тоҷикон ва муаррифии онҳо ба мардуми кишвар ва ҷаҳониён, инчунин ба ин васила ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон мебошад.

Истиқлолияти давлатие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол муқаддам ба даст овард, натиҷаи кӯшишу талошҳои тӯлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи ин миллат мебошад. Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо, кору пайкори давлатдорон, сиёсатмадо –

рон, зиёиён ба хотири истиқлоли Ватан дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб ва фарҳанги маъруфамон дар давоми тамоми таърихи миллатамон ба таври барҷаста таҷассум ёфтааст ва ин барҷастагиву таҷассум то абад боқи хоҳад монд.     

    Ҳамватанони гиромҷ!

Бовари дорам, ки мардуми сарбаланду меҳнатдӯсти ноҳияи мо солҳои омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату талоши ҳамешагии худ, бунёдкориву созандаги, саҳмгузории худ дар рушду ободии кишвари азиз ва амалишавии орзуву ормонҳои ин миллати тамаддунсоз сарбаландона  хоҳанд гузошт. 

Бори дигар тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона  муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки бигзор парчами сулҳу ваҳдат ва оромиву хушбахтҷ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшонҷ намояд.

Ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *