Дар асоси супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, гурӯҳи кории вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Раёсати дин, танзими анъана
ва ҷашну маросим Муҳаммадӣ Шарифзода ба ноҳияи Панҷ ташриф оварданд. Ба гурӯҳи корӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Раҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Қурбон Қурбонзода, муовини сардори идораи телевизион ва радиои вилоят Мираков шомил буданд.
Дар ҷамъомад баъди сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳия Ҷ.Ҳакимзода меҳмонон ба сухан баромаданд. Мақсаду муҳтавои баромадҳои ҳайати гурӯҳи корӣ бори дигар ба фаъолони ноҳия фаҳмондани авзои имрӯзаи ҷаҳон, амалӣ намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ вобаста ба вазъият, чорабиниҳо дар самти муқовиматҳои иттилоотӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, пайравии кӯркӯрона аз расму оинҳои ба мо бегона, шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, бахусус ТЭТ ҲНИ, ДИИШ ва дигар гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад.
Меҳмонон таъкид намуданд, ки авзои зудтағйирёбанда ва тазоду муқобилиятҳои имрӯзаи мамлакатҳои абарқудрат моро водор месозад, ки атрофи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич муттаҳид шавем, бедорию ҳушёриро аз даст надода, ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ ва мудофиавӣ, маънавиёту ахлоқ ва ҳувияти миллӣ сидқан ва ҷиддан машғул шавем ва дар баробари ин тавассути вусъати ҳамаҷонибаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд омодагӣ бигирем.
Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Ҷ. Ҳакимзода ҳусни анҷом бахшида, меҳмононро бовар кунонид, ки фаъолону зиёиёни ноҳия бо истифода аз имкониятҳо тавсияю пешниҳодҳои зикргардидаро сари вақт иҷро мекунанд ва ба онҳо барои чунин ҷамъомади манфиатбахш изҳори сипос намуд.
П. Нуров, Гулчеҳра