Хабарҳо

Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

                                               Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон

                                                             Раиси ноҳияи Панҷ

                                                                    Қ А Р О Р

        Аз « 7 »   июли    соли  2022            № 908                   н. Панҷ

 

 

Дар бораи гузаронидани озмун барои  ишғоли мансабҳои   холии маъмурии хизмати давлатӣ

 

 

Мутобиқи  моддаи 18-и  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Қ А Р О Р        М Е К У Н А М:

 

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии:

– сармутахассис-котиби комиссия оид бо ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– сармутахассиси шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;

– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и  Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассиси пешбари  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– мутахассис  (хазинадор)-и  Ҷамоати шаҳраки Панҷ;

– сармутахасис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимӣ  Ҷамоати деҳоти Меҳвар;

– сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;

–  мутахассиси пешбар  (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;

– сармутахасис оид ба корҳои дин, танзими анъана, ва ҷашну маросимӣ  Ҷамоати деҳоти  ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

– мутахассиси пешбар  (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;

– мутахассиси пешбари (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов  Кабут;

–  мутахассиси пешбар  (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;

– мутахассиси пешбар нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;

– мутахассис (хазинадор)-и  Ҷамоати деҳоти Намуна озмун гузаронида  шавад.

 

          2. Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.

3. Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз  9 ноябри  соли 2021, №1374  аз эътибор соқит дониста шавад.

 

 

Раиси ноҳяи Панҷ:                                                              З. Шоҳиён

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *