Ҳамдиёрони азиз! Таърих гувоҳ ва мову Шумо шоҳид ҳастем, то Истиқлолияти давлатие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам ба даст овард, натиҷаи кўшишу талошҳои тўлонии халқи куҳанбунёди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихҳ мебошад. Зеро андешаи истиқлолият ва талоши расидан ба давлатдории миллат дар зеҳни халқи тоҷик давоми беш аз ҳазор сол зинда буд. […]