Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон
Раиси ноҳияи Панҷ
Қ А Р О Р
Аз «05» Август соли 2021 № 1005 н. Панҷ |
Дар бораи гузаронидани озмун барои
ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
Мутобиқи моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:
1.Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии:
– мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Намуна;
– сармутахаcсис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– сармутахасис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Меҳвар;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Озодагон;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– мутахассиси пешбар (кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахасис (омор)-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайфутдинов Кабут;
– сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбар (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассис (хазинадор)-и Ҷамоати шаҳраки Панҷ;
– мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати шаҳраки Панҷ, озмун гузаронида шавад.
- Комиссияи озмунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор карда шавад, ки қабул ва баррасии ҳуҷҷатҳои довталабонро мувофиқи Низомномаи тартиби гузаронидани озмун ба роҳ монад.
- Қарори раиси ноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2021, №640 аз эътибор соқит дониста шавад;
Раиси ноҳияи Панҷ: З.Шоҳиён