Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саннаи 27 июни соли равон дар деҳаи «Имом Бухорӣ»-и ҷамоати деҳоти Озодагон ва деҳаҳои «Саройкамар», «Қумсой» ва «Файзободқалъа»-и ҷамоати деҳоти Намуна таҳти унвони «Тоҷикистон хонаи умеди мо» чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар баргузории ин чорабиниҳо намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз номи раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З. Ф сокинони ин деҳаҳоро ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи ваҳдати миллӣ» табрик намуд.
Зикр карда шуд, ки: «Истиқлолияти давлатӣ рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад. Боиси ифтихору сарфарозии тамоми мардуми шарафманди ноҳия аст, ки ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як шукуҳу хурсандӣ пешвоз гирифта истодаанд.
Вақте сухан аз Истиқлолияти давлатӣ меравад, ин на фақат санаи бори аввал соҳибдавлат шудани тоҷикон аст, балки санаи эҳёи Истиқлолияти давлати тоҷикон мебошад, яъне миллати куҳанбунёду соҳибдавлати тоҷик бори дигар соҳиби давлатдории миллии мустақили худ гардид”.
Дар баргузории чорабиниҳо аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба 1 нафар собиқадорони меҳнати ҷамоати деҳоти Намуна дар манзили истиқоматиаш суҳбати хоса анҷом дода, ба ӯ туҳфаҳои хотиравӣ, ба 1 нафар ятими кули ҳамин ҷамоат сару либос ва ба дигар собиқадорону фаъолони ҷамоат ифтихорномаву туҳфаҳо тақдим карда шуд.