Хабарҳо

ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

16  май  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Рӯзи Дави миллӣ  баргузор гардид. Ба ҳамин хотир дар маркази ноҳия  бо иштироки  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҷавонону варзишгарон  Дави миллӣ  доир шуд.

Сараввал  раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён  иштирокчиёни чорабиниро ба Рӯзи Дави миллӣ  табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки   мақсади асосии ин чорабинӣ  мустаҳкам  намудани дӯстиву бародарӣ дар байни ҷавонону наврасон, солимии ҷомеа мебошад  Ин аст, ки имрӯз ҷавонону варзишгарони ноҳияи мо  дар чорабиниҳои варзишии  сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ва берун аз он иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.      Баъд аз суханронии раиси ноҳия   кормандони ташкилоту муассисаҳо, наврасону ҷавонон, варзишгарон  дар ин маъракаи муҳим ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, мувофиқи қобилияташон  хунарнамоӣ карданд.  Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин чорабинӣ саҳми кормандони мақомоти иҷроия, суд, маориф, тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигарон назаррас буда, ҷавонон қобилияти худро  нишон доданд.  Дар ин чорабинии мазкур  зиёда аз   2000   нафар сокинони ноҳия иштирок  доштанд ва  онҳо  масофаи зиёда аз 3 километрро  тай намуданд.

  Дар анҷоми чорабинӣ  иштирокчиёне, ки маҳорати хуб нишон доданд,  бо медал ва ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши ҷавонон ва варзиш сарфароз гардонида шуданд. 

Дави миллӣ  дар ноҳия дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ доир гардид.

        Ф.Нуров.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *