Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф бахшида ба Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (9 майи соли 2021)

 

Ҳозирин ва ҳамдиёрони азиз!

 

Дар таърихи тулонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар гардида, дар масири ҳаёти инсоният абадан боқӣ хоҳанд монд.

Имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва озодихоҳи ҷаҳон бори 76-ум «Рӯзи Ғалаба бар фашизм» таҷлил мегардад, ки аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои фаромӯшнопазир аст, ки аз соли 1941 то соли 1945-и садаи 20 идома ёфт. Ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва ашхоси калонсол барои наслҳои имрӯза ҳамгиромиву муқаддас аст, зеро он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва далерии гузаштагони мост.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол дар партави сиёсати сулҳофаронаву инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Рӯзи Ғалаба»-ро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос доштани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Бо ибрози сипосу эҳтиром дар ибтидо тамоми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Шумо ҳозирини гиромиро ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Иди ғалаба бар фашизм табрик намуда, ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама сулҳу амонӣ, осоишу оромӣ ва рӯзгори пур аз саодату комёбиро таманно дорам.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ таъкид намуданд, ки: «Солҳо мегузаранд, аммо номи ҷанговарони қаҳрамон, ки дар ивази ҷони худ инсониятро аз офати ҷангу хунрезӣ ва нобудшавӣ наҷот бахшиданд, чун корнамоиҳои аҷдодии диловаронамон ҷовидон боқӣ мемонад. Насли калонсол барои мову Шумо заҳмат кашиданд ва имрӯз ёриву дастгирии мо дар ҳаққи онҳо махсусан собиқадорони ҷангу меҳнат, барои наслҳои оянда сабақи зиндагӣ ва таърихӣ мебошад».

Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ниҳоят Ғалаба бар фашизм ва аз зулму асорати онҳо раҳо ёфтани аҳли башар бори дигар собит сохт, ки агар дар байни халқҳо ва давлатҳо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошта бошад, ягон қувваи бадхоҳу аҳриманӣ бар онҳо пирӯз шуда наметавонад.

Ба ибораи дигар Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон маҳз ба шарофати дӯстии халқу миллатҳои собиқ иттиҳоди Шуравӣ муясар гардид, ки ин нуктаро ҳеҷ кас ҳаққи фаромӯш кардан ё нодида гирифтан надорад.

Бояд хотирнишон созем, ки дар солҳои хунини даҳшатбор ва фоҷиаангези  Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки тули 5 сол идома ёфт дар баробари дигар халқияту миллатҳо ҷавонмардони далеру шуҷои ноҳияи мо низ иштирок намуда, Ватани худро аз ҳуҷуми даҳшатбори фашистон ҳимоят намуданд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ба ҷой овардани эҳтиром ва расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ ба иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат қарзи инсониву имонии ҳар як шахси савобҷӯй мебошад. Хотираи неки ин ҷавонмардон, ки баҳри озодӣ ва ҳимояи Ватану давлати худ ҷоннисорӣ намудаанд дар хотираи мо насли имрӯзаву ҳам оянда абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Бо мақсади дастгирии моддию молиявии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи таҷлили Иди Ғалаба аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва аз номи раиси ноҳия ба 3 нафар шаҳрвандони ноҳия, ки иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд кӯмакҳои молиявӣ расонида шуд.

Ҳамзамон ин иқдомро ҳар сол як зумра роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва ашхоси саховатпешаи ноҳия амалӣ намуда, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида истодаанд.  

Имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бобати расонидани кӯмакҳои моддӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат, беҳтар кардани шароити зиндагӣ ва умуман бо ғамхорӣ фаро гирифтани онҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯмак расонида истодааст. Зеро ғамхорӣ дар ҳаққи иштирокчиёни ҷангу меҳнат ва ятимону маъюбон самти муҳими сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мешавад.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корнамоии собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу бум ва манфиатҳои миллату давлат сабақи зиндагист ба ҳисоб меравад.

Дар аёми пуртазоди мо, яъне замоне, ки ба суботу оромии ҷаҳон хатарҳои азим аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории трансмиллӣ ва монанди инҳо таҳдид мекунанд, ин сабақи бузурги таърихӣ, яъне Ҷанги Бузурги Ватанӣ, то рафт маънии муҳим касб менамояд.

Бинобар ин бояд хуб дарк намоем, ки нигоҳ доштани ягонагии марзу буми мамлакат, ҳифзи ҳимояи сарҳади давлатӣ, таъмини амният, пуштибонии қонун ва ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама амнияту оромии ҷомеа, ба Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат намудан мероси аҷдодии мо мебошад.  

Ин омил ҳамаи мову шуморо водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста ба хотири мустаҳкам кардани пояҳои давлатдории мустақиламон ва пешбурди сиёсати сулҳҷӯёнаи ҷумҳуриамон Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша саъю талош намоем.

Дар интиҳо бори дигар ҳамаи Шуморо ва ба онҳое, ки дар солҳои даҳшатбори ҷанг заҳмати вазнину сангинро бар дӯш доштанд, инчунин ба тамоми мардуми шарафманду меҳнатдӯсти ноҳия Иди ғалабаро табрик менамоям.

Бигзор ҳамеша сулҳу амонӣ, оромиву осоиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳукмфармо бошад.

Ҳамеша саломату сарбаланд ва саодатманду комёб бошед, ҳамдиёрони азиз!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *