Хабарҳо

СӮИҚАСД БА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ буд, ки бадбахтона дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. Ин адиби забардасти тоҷик 20 майи соли 2000-ум дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тарафи яке аз қотилони ТТЭ ҲНИ – Раҳим Қаландаров бо шеваи бераҳмона ба қатл расонда шудааст. Маълум аст, […]

Хабарҳо

Вазъи корҳои кишоварзӣ беҳбудӣ металабад

15 майи соли равон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят  Амирбеки Темур ба ноҳия омада, аз пагоҳии барвақт ба вазъи корҳои кишоварзӣ дар ҷамоатҳои деҳот шинос шуданд. Мақсад аз таъсиси гурӯҳи корӣ таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати […]

Хабарҳо

ВАРЗИШ – ГАРАВИ САЛОМАТӢ

16  май  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Рӯзи Дави миллӣ  баргузор гардид. Ба ҳамин хотир дар маркази ноҳия  бо иштироки  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҷавонону варзишгарон  Дави миллӣ  доир шуд. Сараввал  раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён  иштирокчиёни чорабиниро ба Рӯзи Дави миллӣ  табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, […]

Хабарҳо Эълонҳо

Маълумоти пешакӣ оид ба оқибатҳои омадани сел

Дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи санаи 11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.

Хабарҳо

Паёми табрикии раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф бахшида ба Иди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (9 майи соли 2021)

  Ҳозирин ва ҳамдиёрони азиз!   Дар таърихи тулонии ҳаёти башарият рӯйдодҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки бузургӣ ва шаҳомати онҳо бо гузашти замон боз ҳам бештар гардида, дар масири ҳаёти инсоният абадан боқӣ хоҳанд монд. Имрӯз дар миёни мардуми сулҳпарвар ва озодихоҳи ҷаҳон бори 76-ум «Рӯзи Ғалаба бар фашизм» таҷлил мегардад, ки аз ҷумлаи ҳамин […]

Хабарҳо

Изҳороти муштараки Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон

1 май дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов ва Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон К.Ташиев доир гардид.