3 апрели соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия Фестивали «ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» баргузор гардид. Дар Фестивал бачагону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дӯстдорони китоб ва шеъру адаб, шоирону адибон, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок доштанд.
Мудири Бахши фарҳанги ноҳия Ш. Бухоров Фестивалро ҳусни оғоз бахшида, сипас намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирокчиёнро ба ин муносибат табрику таҳният намуд. Дар Фестивал намояндагони адибони ноҳия ва роҳбари маҳфили «Шукуфа»-и назди рӯзномаи «ҳаёти нав» М. Давлатов баромад карда, шеърҳои бачагонаи худро пешкаши иштирокчиён карданд. Хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз эҷодиёти адибони тоҷик дар васфи Ватан, Модар, китоб шеърҳо қироат намуданд. Баъд барномаи консертии Мактаби санъати бачагона пешкаши тамошобинон гардид. Намоиши китобҳои бачагона, аз ҷумла маҷмӯаҳои шеърию насрии адибони ноҳия таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» ба Фестивал ҳусну таровати тоза бахшид.Фестивал хеле таъсирбахшу хотирмон баргузор гардид.
П. Нуров