17 марти соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади калон баргузор гардид, ки дар он фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Ҷамъомадро раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд ва баъдан бо навбат суханро ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳарбону Шарофзода ва Зоир Раҳмонзода дод. Вакилон дар гузоришҳои худ иброз доштанд, ки 26 январи соли 2021 Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ироа гардид. Зимни суханронии худ онҳо қайд карданд, ки Паём ҳуҷҷати баркамоли сиёсию ҳуқуқӣ ва дорои ҳадафҳои афзалиятнок дар самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар мебошад ва тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро дар худ инъикос намудааст. Сарвари кишвар зимни таҳлили вазъи ҷаҳони муосир сабабу омилҳои сар задани зуҳуроти даҳшатноки терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, хавфи бемории сироятии коронавирус (СОYID-19) ва оқибатҳои он, зарурати рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки қитъаҳои замин дар шароити пандемияи баамаломада, пешгирии зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ, ки пояҳои давлату давлатдориро сусту бемадор месозад, вусъати тоза бахшидан ба сифати таълиму тарбияи насли наврас, беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои табиат-шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди тафаккури техникӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии миллӣ маҳсуб меёбад, инчунин ҳамаҷониба ба роҳ мондани корҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол, сазовор пешвоз гирифтани иди байналмилалии Наврӯз, ғамхориҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, муддати як сол аз андози ягонаи замин озод намудани хоҷагиҳои инфиродӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар Паёмашон ҳаматарафа зикр намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад раиси ноҳия З. Шоҳиён иброз намуд, ки мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти ноҳия аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода мебаранд, то дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сарбаландона иҷро намоянд ва дар рушду нумӯи ноҳияю кишвари азизамон саҳми арзишманди худро гузоранд.
Н. Фозилҷон, Гулчеҳра