Бо мақсади баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо гуруҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд. Тибқи супориши мазкур бояд муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ба дурдастарин деҳаву маҳаллаҳои кишвар расонида шавад.
Бо ин мақсад ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба аҳолӣ, санаи 10 марти соли равон гуруҳи таблиғотии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо роҳбарии сардори бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Хатлон Саидзода Ғулом Ятим ба ноҳияи Панҷ ташриф оварда, бо фаъолони ноҳия ҷамъомад доир намуданд.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер ҳусни оғоз бахшида, оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон баён дошта буданд мухтасар маълумот доданд.
Сипас сардори бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Хатлон Саидзода Ғулом Ятим вобаста ба муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани бандҳои Нақша – чорабиниҳои Паёми мазкур аз ҷониби масъулини ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суханронӣ намуд.