Сиёсат

ДОНИШГОҲИ БУЗУРГИ ТЕРРОРИЗМ Ё таҳсили ҷавонони тоҷик дар он чӣ оқибатҳо дорад?

 

8-уми декабри соли 2020-ум Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон кард, ки яке аз донишгоҳҳои калонтарини Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин таҳрим аз тарафи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА бо қарори рақами 10590000383 анҷом шудааст. Дар шарҳи қарор омадааст, ки ин «донишгоҳ» бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон (КСИР), махсусан бо бахши хориҷии он – сипоҳи «Қудс», ки ду сол пештар ҳамчун ташкилоти байналмилалии террористӣ эътироф шуда буд, алоқаи бевосита дошта, ҳамчун маркази тайёр кардани мубаллиғони ифротӣ ва ҷосусҳо барои идораҳои амниятии Эрон дар тамоми ҷаҳон хизмат мекунад.

Аз сабаби он, ки дар солҳои охир даҳҳо нафар ҷавони тоҷик, аз ҷумла фарзандони собиқ аъзои ташкилоти манъшудаи ҳизби наҳзати исломӣ дар ин «донишгоҳ» таълим гирифтаанд ва ҳоло ҳам таълим мегиранд, фаъолияти он барои тоҷикон ва Тоҷикистон низ бетафовут буда наметавонад.

Бинобар ин, бисёр зарур аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар бораи ин маркази бузурги ифротгароиву таблиғотӣ баъзе маълумотҳо дошта, худ ва фарзандони худро аз он дур нигоҳ доранд.

Аз ҷумла:

Донишгоҳи «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» (тарҷума аз арабӣ: Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо) дар асл ҳаргиз донишгоҳ набуд ва донишгоҳ нест! Он барои фиреб додани шаҳрвандони хориҷӣ ва давлатҳои онҳо ба хатмкунандагони худ, ки дар асл охундҳои бисёр мутаассиб мешаванд, унвонҳои зоҳиран дунявии илмии «бакалаур», «магистр», «доктор» ва ба устодонаш, ки асосан охундҳои тундрав ҳастанд, унвонҳои илмии «дуктур», «профессор» ва ғайра медиҳад. Давлатҳои ҷаҳон хатмкунандагони онро мутахассис ва хатмкардаи донишгоҳ гумон карда, ба системаи идории худ ба кор мегиранд ё таъқиб намекунанд. Ин ниқоб имкон медиҳад, ки хатмкунандагони ин «донишгоҳ» дар тамоми ҷаҳон паҳн шаванд ва миссияи махсуси худро иҷро кунанд.

Миссия ё вазифаи асосии «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», ки марказаш дар шаҳри Қуми Эрон воқеъ аст, тайёр кардани мубаллиғон ё миссионерони хурофотпарастро ба роҳ монда, ба воситаи онҳо таблиғи ифротгароиро амалӣ месозад. Яъне, он яке аз инструментҳои асосии татбиқи сиёсати «судури инқилоби исломӣ» ва дахолати Эрон ба вазъияти кишварҳои хориҷист.

Мувофиқи маълумоти сомонаи худи ин «донишгоҳ», ҳоло дар он беш аз 52 000 (!) талибилм аз 122 (!!) кишвари ҷаҳон мағшӯйи мешаванд. Раиси собиқи ин Донишгоҳ Алиризо Аърофӣ иддаъо дорад, ки то имрӯз беш аз 50 000 (!!!) мубаллиғ тайёр карда, ба кишварҳои ҷаҳон фиристодаанд, ки бо воситаи онҳо ҳудуди 50 000 000 (!!!!) нафар таблиғ шудааст. Албатта, ин 50 000 охунди мубаллиғ, ки ин ҷо омода шудаанд, дар зери ниқоби муттахассиси донишгоҳӣ ва бо ҳуҷҷатҳои сохтаи бакалавру магистру доктор фаъолият доранд.

Илова бар ин, ин донишгоҳ то имрӯз дар 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Аврупоӣ ва Африқоӣ филиалҳои худро кушода, ба тайёр кардани мубаллиғони нав машғул аст. Масалан, ҳоло танҳо дар намояндагии он дар Афғонистон ҳудуди 4000 нафар, аз ҷумла дар филиали Кобул 2000 нафар таҳсил мекунанд. Дар намояндагии он дар кишвари африқоии Ғано, ки кишвари суннинишин аст, беш аз 1000 нафар толиб таълим мегирад. Ҳатто дар шаҳри Париж намояндагии ин «донишгоҳ» кушода шудааст, ки масоҳати умумии он 2,5 га. мебошад.

Масъалаи ҷиддитар, ки сабаби асосии аз тарафи давлати ИМА ҳамчун ташкилоти террористӣ таҳрим шудани ин «донишгоҳ» гардид, таъйиноти махсуси ҷосусӣ ва разведкавии ин муассиса ба ҳисоб меравад. Дар қадами аввал, аз байни толибони кишварҳои гуногун дар ин муассиса ҷосусони хидматгор барои Эрон аз тарафи «Сипоҳи Қудс» ва вазорати иттилоот ҷалб мешаванд. Дар қадами баъдӣ, ин ҷосусҳо дар кишварҳои худашон шабакаи ҷосусҳои Эронро аз ҳисоби мубаллиғони маҳаллӣ ташкил менамоянд. Ин шабакаҳо на танҳо таблиғгари ақидаҳои зиддимазҳабӣ, балки барои хадамоти махсуси Эрон ҷосусӣ карда, маълумотҳои заруриро дар соҳаҳои гуногун ҷамъ меоранд.

Солҳои охир дар як қатор кишварҳои ҷаҳон намояндагиҳои ин муассиса баста шуда, ҷосусони он боздошт шуданд. Аз ҷумла, соли гузашта дар Босния ва Герсоговина чунин як маркази ҷосусии дар намояндагии ин «донишгоҳ» барҳам зада шуд, ки маълумот дар бораи ҷузъиёти он дар расонаҳо низ паҳн гардидааст. Яке аз мудҳиштарин корҳои ин донишгоҳ, маҳз дар ҳамкорӣ бо сипоҳи «Қудс» барои ҷанги мазҳабӣ дар Сурия аз ҳисоби муҳоҷири афғон дар Эрон ташкил намудани гурӯҳи ҷангии «Лашкари Фотимиён» мебошад, ки ҳоло ба як масъалаи баҳснок байни Эрон ва Афғонистон табдил шудааст. Моҳи гузашта вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо телевизони «Тулуъ-нюс» теъдоди ин лашкариёни афғонро, ки дар Сурия аз тарафи Эрон меҷанганд, 5000 нафар гуфт, аммо хабарнигори ин телевизон Наҷафзода онро 25000 нафар эълон кард.

Аз назари идоракунӣ, ин муассиса бевосита зери роҳбарии худи Роҳбари инқилоби исломии Эрон Оятулло Хоманаӣ фаъолият карда, раиси он низ аз тарафи Роҳбар таъйин мешавад. Вазорати таҳсилоти олии Эрон ва мақомҳои дигари давлатӣ ҳуқуқи дахолат ба фаъолият ва стандартҳои таълимии ин «донишгоҳ»-ро надоранд. Балки ин вазорат маҷбур аст ҳуҷҷатҳои дар асл ғайривоқеии ин «донишгоҳ»-ро расман эътироф ва тасдиқ кунад. Барномаҳои таълимии он аз аккредитатсияи давлатии Эрон нагузашта, ин муассиса ҷузъи таркибии ҳавзаи илмияи Қум ва муассисаи таъблиғи хурофотзадагӣ ба ҳисоб меравад. Вазорати корҳои хориҷии Эрон ва сафоратҳои Эрон дар кишварҳои хориҷӣ низ ҳуқуқи назорати фаъолияти хориҷии ин «донишгоҳ»-ро надоранд.

Маълум аст, ки чунин як фаъолияти махсусан васеи таблиғотӣ (миссионерӣ) ва шабакаи бузурги ҷосусӣ ба маблағгузории бисёр калон эҳтиёҷ дорад. Аз ин рӯ, буҷаи «донишгоҳ»-и «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» низ бисёр калон аст. Он дар асл як давлат дар дохили давлат мебошад.

Мувофиқи ҳисоби мутахассисони эронӣ ва хориҷӣ, буҷаи солонаи ин донишгоҳи терроризм ҳудуди 450 то 500 000 000, яъне наздики ним миллиард доллари ИМА-ро ташкил мекунад. Ин маблағи бузург аз чор манбаъ таъмин мешавад:

1.Аз буҷети расмии давлатии Эрон

2.Аз буҷети «байти раҳбарӣ» (фонди махсуси Роҳбари инқилоб)

3.Аз ҳисоби хумс (андози 20%-и мазҳаби шиъа), ки аҳолӣ ба охундҳо мепардозад.

4.Аз ҳисоби хайрияи маҷбурӣ, ки аз ширкатҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони бузург ситонда мешавад.

Аз ин миён, танҳо маблағи аз буҷети расмии Эрон барои ин донишгоҳ ҷудошаванда маълум буда, маблағҳои се сарчашмаи дигар, ки тақрибан дар ҳамин ҳаҷм ҳастанд, махфӣ ё ба қавли худи охундҳо «билоҳисоб» боқӣ мемонанд. Масалан, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои соли 1398 (2019) ба ин донишгоҳ 308 миллиард туман маблағ ҷудо шудааст ва илова бар ин, дар сурати афзоиши қиммати нефт он бояд то 400 миллиард туман расонида шавад. Ин малбағ ҳудуди 75 000 000 доллар ва дар сурати афзоиш, беш аз 100 000 000 доллари ИМА-ро ташкил мекунад.

Хароҷоти ин маблағҳои бузург пурра дар ихтиёри гурӯҳи охундҳои роҳбари донишгоҳ (ҳайати уламо) буда, дар самтҳои зерин харҷ мешавад:

-таъмини фаъолияти идорию таълимӣ;

-таъмини хӯрок, ҷои зист ва рафтуомади солонаи беш аз 50 000 толиби хориҷӣ;

-таъмини фаъолияти филиалҳо дар 60 кишвари ҷаҳон;

-маблағгузории фаъолияти хатмкунанда дар кишварҳои худашон (дар ин банд, мутобиқи фармони расмии Оятулло Хоманаӣ, бояд ташкилотҳои дигари мазҳабии Эрон, аз ҷумла Созмони таблиғоти исломӣ ва Маҷмаи ҷаҳонии аҳли байт, ки ҳар як низ буҷетҳои ниҳоят калони худро доранд, ба ин «донишгоҳ» ҳамкорӣ кунанд);

-маблағгузории шабакаи ҷосусӣ аз ҳисоби хатмкунандагон ва ҳифзи робита бо онҳо (дар ин бахш Сипоҳи посдорон ҳамкорӣ мекунад, ки буҷаи он даҳҳо миллиард доллар аст);

Тафтиш кардани харҷи буҷаи ин муассиса аз тарафи мақомоти давлатии Эрон мумкин нест.

Маълумоти мухтасари пешниҳодшуда, чӣ маркази бузургтарини тайёркунии мубаллиғон ва шабакаи ҷосусӣ будани ба ном донишгоҳи «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро пурра исбот мекунанд. Аз он метавон дид, ки дар ҳақиқат ин марказ таҳдиди бузурге ба амнияти минтақавӣ ва махсусан тоҷикону Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумотҳои санҷидашудаи мақомоти давлатии Тоҷикистон, дар солҳои охир (аз солҳои 90-ум то имрӯз) ҳудуди 900 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин донишгоҳи бузурги террористии минтақа таҳсил кардаанд. Қисми асосии онҳоро фарзандони наҳзатиёни собиқ ташкил мекунанд, ки як қисмашон то ҳоло он ҷо таҳсил ва зиндагӣ доранд (маълумоти муфассал дар бораи онҳо ба таври алоҳида нашр мегардад). Бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз садҳо нафар аз донишгоҳҳои террористии ин кишвар баргардонида шудаанд, аммо маълумоти дақиқ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам ҳудуди 380 нафар тоҷикон дар «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» ва дигар марказҳои махсуси ин кишвар таҳсил мекунанд. Мақомоти кишвари мазкур барои мулоқоти намояндагони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин шаҳрвандони тоҷик ҳамеша монеа эҷод намудаанд.

 

Имрӯз ҳам аксарияти масъулони бахши идеологии ташкилотҳои ифротгарои ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд, хатмкардагони ҳамин донишгоҳи бузурги террористӣ ва кадрҳои муассисаҳои махсуси таълимии ин кишвар мебошанд. Аз ҷумла, узви раёсат ва идеологи асосии Паймони миллии Тоҷикистон Бурҳонов Саидюнус Аббосович (Сайидюнуси Истаравшанӣ) беш аз даҳ сол бо аҳли оила ва бародаронаш дар ин муассисаи террористӣ дар шаҳри Қум таълим гирифта, ҳоло ҳам зери таъминоти он мебошад. Ин узви раёсати ПМТ ва муассиси ташкилоти фейкии «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон», ки яке аз муассисони ПМТ аст, ҳатто чанд сол аз тарафи сипоҳи посдорон ба Лубнон фиристода шуда, дар таркиби ташкилоти террористии «Ҳизбуллоҳ»-и Лубнон таълиму таҷрибаи идеологӣ ва диверсионӣ омӯхтааст.

С.Истаравшанӣ мудири сомонаҳои тоҷикзабони «Рисолат» ва «Кимиёи саодат» аст, ки ҳар ду аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ таъсис шуда, ба таблиғот ва фаъолияти зидди давлати Тоҷикистон машғул буданд. Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта ин пойгоҳҳо низ ҳамчун зерсохторҳои таблиғотии Сипоҳи посдорон аз тарафи давлати ИМА сомонаҳои террористӣ эълон ва баста гардиданд. Чунин ҳукми байналмилалӣ нисбат ба узви Раёсати ташкилоти ифротии Паймони миллии Тоҷикистон ба худи ин ташкилот низ дахл дорад. Ногуфта намонад, ки ҳатто пас аз ҳамчун сомонаҳои террористии сипоҳ ва ҳизби наҳзат баста шудани сайтҳои «Рисолат» ва «Кимиёи саодат», узви раёсати ПМТ С.Истаравшанӣ таблиғоти зиддитоҷикиро дар саҳифаи фейсбуки худ идома дода истодааст.

Ҳамчунин, муовини раиси ҳизби наҳзати исломӣ Кузов Шоҳнаим, узви раёсати ҲНИ, писари роҳбари пешинаи ин Ҳизб С.А.Нурӣ – Саидов Муҳаммадҷон Абдуллоевич, мудири департаменти робита бо ҷомеаи ТЭТ ҲНИ, бародарзода ва ёрдамчии шахсии раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ – Кабиров Муҳамадҷон Сафарович, сухангӯи ПМТ Қаюмов Бобоҷон Тағоевич (Бобоҷони Қаюмзод), узви раёсати ТЭТ ҲНИ Ваҳҳобов Азимҷон Азизович, узви раёсати ТЭТ ҲНИ Саидов Исломҷон Асомуддинович, роҳбари намояндагии ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Теҳрон Амонбеков Неъмат Сулаймонбекович, масъули сомонаҳои иттилоотии ТЭТ ҲНИ ва домоди раиси ПМТ Амруллоҳи Низом, муҳаррири  расонаҳои ТЭТ ҲНИ, бародари Саидюнуси Истаравшанӣ Бурҳонов Аббос ва ғайра, ки ҳоло дар кишварҳои аврупоӣ худро ҳамун «демократ» ва «ҳомии ҳуқуқи башар» муаррифӣ мекунанд, маҳз дар ҳамин  мактабҳои махсуси Эрон ва Сипоҳи посдорон таҳсил карда, барои иҷрои рисолатҳои махсус тайёр карда шудаанд. Аксарияти фаъолони сатҳи миёнаи ТЭТ ҲНИ дар Аврупо низ дар марказҳои махсуси Эрон таълими идеологӣ ва махсус дидаанд.

Мувофиқи маълумотҳои аниқшуда, ҳоло Кузов Ш. масъули робитаҳои ҳарбӣ ва амалиёти террористии ТЭТ ҲНИ бо Сипоҳи посдорони Эрон ва Муҳаммадҷон Кабиров масъули робитаҳои сиёсӣ ва ҷосусии ТЭТ ҲНИ бо Вазорати амният ва Сипоҳи посдорони Эрон мебошад. Илова ба вазифаҳо дар самти мубориза бо давлати Тоҷикистон, яке аз вазифаҳои онҳо аз ин иборат аст, ки ҳамчун «ҳомии ҳуқуқи башар» дар конференсия ва маҳфилҳои аврупоӣ иштирок карда, дар бораи мухолифони низоми исломии Эрон барои мақомоти дахлдори ин кишвар маълумот ҷамъ мекунанд. Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки ҳукми байналхалқӣ нисбат ба созмони террористӣ эътироф шудани Сипоҳи посдорон ва «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия» ба ин роҳбарону фаъолони ПМТ ва ТЭТ ҲНИ, ки бевосита дастпарвару кадрҳои ин ташкилот мебошанд, пурра татбиқ мешавад.

Ин ба он маъност, ки зери ниқоби «донишгоҳ» барои Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо мубаллиғ ва ҷосусони хадамоти махсуси ин кишвар тайёр шуда истодаанд. Ҷойи шубҳа нест, ки ин лашкар барои кишвари мо таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир мехостем дар ин масъала ба шаҳрвандони кишвар, ба падару модарони азиз муроҷиат намоем. Ҳар яки мо бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, аз фаъолияти чунин шабакаҳои ҷосусӣ огоҳ бошем, то ки мо ва фарзандонамон ба доми ин мубаллиғон наафтем. Падару модарони азиз бояд ҳаргиз роҳ надиҳанд, ки фарзандонашон ба ин гуна «донишгоҳҳо»-и кишварҳои хориҷӣ, дар асл марказҳои террористӣ рафта таҳсил кунанд, зеро бояд ошкоро гӯем, ки барои онҳо дар оянда дар Тоҷикистон ҷой пайдо нахоҳад шуд. Аз волидайне, ки фарзандон ва ё хешу таборашон то имрӯз дар ин донишгоҳи бузурги терроризм таълим мегиранд ва ё омодагии диверсионӣ мегузаранд, хоҳиш дорем, ки фарзандони худро аз он ҷо даъват карда баргардонанд, то ки душмани миллати хеш нагарданд.

Ногуфта намонад, ки баъди аз тарафи давлати ИМА расман ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф шудани «Ҷомеъату-л-Мустафо ал-ъоламия», толибон ва хатмкардагони он низ хатмкунандаи курсҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон мавриди пайгирии қонунӣ ва ҷиноятӣ қарор мегиранд.

Пас, бояд фирефтаи ин доми бузурги охундӣ нашуда, худ ва фарзандони худро аз мушкилот ва хиёнат эмин нигоҳ дорем!

 

 

Каримов Иноятулло Раҳимович, омӯзгори кафедраи улуми «Қуръон ва ҳадис»-и Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *