Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон омодагии техникаҳои кишоварзи ба киштукори баҳори мавриди санҷиши масъулини соҳа қарор гирифт. Айни замон дар ноҳия зиёда аз 599 техникаи гуногуни соҳаи кишоварзи мавҷуд мебошад, ки аксарияти онҳо вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ба киштукори баҳори омодаги ҷидди диданд. Дар чорабинии барзгарони ноҳияи Панҷ зиёда аз 200 техникаи соҳаи кишоварзи баъд аз гузаштани бомуваффақият аз санҷиши техники дар хати омодабош қарор гирифтанд. Намудҳои гуногуни мошинҳои соҳави, аз он ҷумла тракторҳои гуногунтамға, аз қабили тухмпошак, шудгоркунанда, кишткунанда ва экскваторҳои заҳбуру заҳкашҳо, комбайни ғалладарав , ва дигар воситаҳои зарурие, ки ба киштукори баҳори лозим аст, дар хати омодабош қарор доштанд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, шуъбаи бозрасии назорати давлати техникахои кишоварзи дар вилояти Хатлон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, механизаторону ронандагон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Баъди гузаштани аз муоинаи техники мутахассисони соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия техникаи мавҷуд бударо яко як аз назар гузаронида, барои бартараф кардани нуқсонҳои ҷойдошта ба механизаторон маслиҳатҳои судманд доданд.
Масъулини соҳа камбудию норасогиҳои ҷойдоштаро зимни муовина ошкор сохта, роҳу усулҳои пешрафти корро ва бартараф кардани нуқсонҳои мавҷударо фаҳмониданд.
Бинобар иқрори кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 15593 гектар замини корам шудгор гузаронида мешавад. Ба ин мақсад тамоми техникаҳои кишоварзи ҳаматарафа омода буда, дар вақти муқарраршуда киштро ба сифати баланд ба анҷом мерасонанд.
Абдурахмон Изатманд Манучехр Ҷумахон