Таҷлил

Нишасти матбуотӣ ба рушди соҳаҳо мусоидат мекунад

 

Тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми марти соли 2005, №1677 дар як сол 2 маротиба дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагони васоити ахбори омма  нишастҳои матбуотӣ баргузор мегардад. Ба ҳамин мақсад рӯзи 17 феврали соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки намояндагони ВАО, дар ҳузури раиси ноҳия, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, сарварони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.  Сараввал раиси ноҳия Шоҳиён З.Ф.  ҳамаи намояндагони ВАО-ро барои ташриф оварданашон ба ноҳия  пазироӣ  намуд.

Дар нишасти матбуотӣ таваҷҷуҳи намояндагони ВАО-ро якҷанд масъала, аз ҷумла аз фаъолият боз мондани ҷарогакҳои роҳнамо ва сабаби корношоям будани онҳо дар ҷамоати шаҳраки Панҷ, саҳми соҳибкорони бурунмарзӣ дар сохта ва ба истифода додани теъдоди иншоотҳои таъйиноти гуногун  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бахшида ба ҷашни 30-юмин  солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигарон будани вазъи тозагию ободонӣ дар шаҳраки Панҷ, таъмирталаб будани беморхонаҳои рақамӣ дар ҷамоатҳои деҳот,  азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ ва маблаггузории ҳукумати ноҳия,  таъмини дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ,  муҳлати ба истифода додани толору маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  дар ҳолати гайрисанитарӣ қарор доштани беморхонаҳо, доир ба иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳия, низоми корӣ ва тарзи корбарию коргузорӣ дар  Бахши фарҳанги ноҳия,  фаъол набудани клубу китобхонаҳо  дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,  фурӯхта шудани богҷаҳои баҷагона ва самти фаъолияти онҳо дар айни замон, теъдоди муассисаҳои томактабӣ ва кам  будани онҳо дар шароити зиёдшавии аҳолӣ,  риоя  нагардидани талаботи  санитарию   эпидемиологӣ ва беҳдоштӣ дар бозорҳо, вазъи ҷорвои хурду калони шохдор,  беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо,  муайян намудани мавзеъҳои таърихӣ ва ёдгориҳои таърихи тӯлонидошта, даст-овардҳои соҳаи варзиш ва рушди футбол дар ноҳия, ҷалби занону бонувон дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ, сабабҳои сари вақт иҷро нашудани қисми даромади буҷет ва қафомонии музди меҳнати кормандон  ва монанди инҳо барин масъалаҳоро мавриди таваҷҷуҳ ва натиҷагирӣ қарор доданд.

Ба саволу пурсишҳои  намояндагони ВАО  раиси ноҳия, муовинон ва шахсони дигари масъул  дақиқу аниқ ва мушаххас иттилоъ доданд.

Нишасти матуботиро раиси ноҳия Шоҳиён З.Ф. ҷамъбаст намуда, қайд кард, ки ҷунин нишастҳо бо намояндагони васоити ахбори омма барои пешбурди кори ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатовар буда, ҷиҳати ҳалли мушкилотҳо мусоидат хоҳад кард ва меҳмононро бовар кунонид, ки камбуду норасоиҳои дар ин нишаст зикргардида ба тадриҷ  бартараф хоҳанд шуд.

 

                                                           Н. Фозилҷон, Гулҷеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *