Санаи 15 феврали соли равон дар доираи иҷрои нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба таҷлили «Рӯзи ҷанговарони Афғонистон» чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғози ҷорабинӣ сухани табрикии раиси ноҳия шунида шуда, аз далериву шуҷоат ва корнамоиҳои ҷавонони тоҷик, ки замони шуравӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон намуда буданд, ёдоварӣ карда шуд. […]