Тавре ба ҳамагон маълум аст, 26 январи соли 2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат» тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма ироа гардид, ки ҷавҳари аслии ин Паём ба рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар вобастагии қавӣ дорад. Ба хотири таблиғу расонидани нуктаҳои асосии Паём 8 феврали соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки раиси КИҲХДТ дар вилояти Хатлон Қ. Миралиён, муовини раиси ноҳия Ҷ.ҳакимзода, раиси КИҲХДТ дар ноҳия К. Файзизода, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, омeзгорон, кормандони соҳаи тиб ва дигар қишри ҷомеа ҷамъомади калон баргузор гардид. Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Ҷ.ҳакимзода шурeъ намуда, пасон суханро ба раиси КИҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Қ. Миралиён дод. Мавсуф зимни суханрониаш қайд кард, ки чунон ки аз Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, дар натиҷаи паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус (СОYID-19) тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои мутамаддин ба буҳрони печидаи иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоӣ дучор гардид. Дар ин росто Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо тавонист дар чунин шароити сахту вазнин сатҳи некуаҳволии халқро нигоҳ дорад ва ба гирифторони ин бемории сироятӣ ҷиҳати табобаташон мусоидат намояд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабукиҳо дар соҳаи андоз, яъне озод намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андози ягонаи замин дар соли 2021, зиёд намудани нафақаи маъюбони синну соли гуногуну нафақахeрон, рушди соҳаи кишо-варзӣ дар мамлакат, пешгирии паҳншавии бемории пандемия, самаранок ва оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини наздиҳавлигӣ, президентӣ, хоҷа-гиҳои деҳқонӣ ва ёрирасон, омодагиҳо ба киштукори баҳорӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба ин васила, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоеро, ки аз Паём бармеоянд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Ҷ.Ҳакимзода ҷамъбаст намуда, меҳмонро бовар кунонид, ки мардуми заҳматкашу шарафманди ноҳия дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, сармашқи кори худ қарор дода, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд.
Н. Фозилҷон, И. Абдураҳмон