Хабарҳо

ХИЗМАТИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАС

 

Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо мақсади баланд бардоштани ҳу-вияти миллӣ,  муҳаббат ба Ватан-Модар, гиромидошти арзишҳои  бузурги бадастовардаи даврони Истиқлоли миллӣ  гурӯҳи корӣ  аз Гвардияи миллии Ҷумҳу-рии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори шуъбаи ҳуқуқи Раёсати корҳои Гвардияи миллӣ ва муовини командири қисми ҳарбии 051454 оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Гвардияи миллӣ, ҳамчунин роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулини қисми ҳарбии 0306 РҚС КДАМ ҶТ  бо афсарону сарбозон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар гузоришҳои баромадкунандагон ҷиҳати хизмати содиқона ба нафъи миллату Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар, худогоҳию худшиносии миллӣ,  муқаддас донистани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани маърифати сиёсию маънавӣ ва фарҳангии  аскарону афсарон, чуқур омӯхтани техникаю аслиҳаҳои ҳарбӣ ва амсоли инҳо барин масъалаҳои  марбут ба сарбозону муҳофизони Ватан  суханронӣ карда шуд.

Баъдан дар вохӯрӣ  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба сухан баромада, барои доир намудани чунин як мулоқоти  судбахш  ва арзишманд дар қисми ҳарбии номбаршуда ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ карданд

 

     Н. Фозилҷон, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *