Хабарҳо

Вусъати корҳои ободонӣ

Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ноҳия  босуръат идома доранд.  Дар  ҷамоати деҳоти Озодагон  ба ин муносибат тибқи нақша  12 иншооти таъиноти гуногун бояд ба истифода дода шавад ва то имрӯз 4 иншоот ба истифода дода шудааст.

Дар деҳаи ҳасан Шерови ҷамоати мазкур бо дастгирии  сокинони  маҳалла, ҷавонон ва шахсони саховатпеша зиёда аз 2 км роҳҳои маҳаллиро сангфаршу чароғон намуда, мушкилоти аҳолиро дар мавсими зимистон  осон гардониданд.  Акнун хонандагону роҳравоне, ки  ба воситаи ин кӯчаҳо ба таълимгоҳҳову дигар ҷойҳо аз пайи иҷрои  корҳои худ мешаванд, бемушкилӣ дар ҳамин 6 кӯчаи маҳалла рафтуо мекунанд.

ҳамин гуна корҳо дар деҳаҳои Сармантой-1 ва Имом Машрабов низ   идома доранд. Бо дастгирии соҳибкорону сокинони деҳаҳои номбурда  дар даромадгоҳҳои ҳамин маҳаллаҳо дарвозаҳои зебою замонавӣ сохта шудааст, ки ҳусни деҳаҳоро боз ҳам  зебою шинам  мекунанд. ҳамин ташаббус дар дигар деҳаҳои ҷамоати мазкур низ  давом дорад.

Тавре мушоҳида мешавад, дар назди МТМУ №4-и ҳамин ҷамоати деҳот, ки дар деҳаи Турдишайх воқеъ гардидааст,  дарахтони ҳамешасабз шинонда шудааст. Ин иқдоми гирифтаи хонандагону омӯзгорон бори аввал набуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки на фақат  мактаб, балки деҳаро низ ҳусну таровати диданибоб   бахшанд.

                                                                   П. Нуров, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *