Хабарҳо

Бурду бохтҳо дар соли 2020

 

13 январи соли 2021 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомад оид ба  натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия  дар соли 2020 баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам З. Завқизода, муовини вазир Р. Нас-риддинзода, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва дигар фаъолон иштирок доштанд.

 

Ҷамъомадро раиси ноҳия муҳтарам  Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, баъдан суханро  оид ба масъалаи рӯзнома ба муовини якуми раиси ноҳия Ҳ. Нидозода  дод.  Мавсуф зимни баромадаш қайд намуд, ки дар соли сипаригашта ба соҳаи саноат ва сохтмон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҳаҷми 20,7 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 млн. сомонӣ кам   мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 18,8 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбати соли гузашта 2,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин дар ин давра 17805 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ  мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8368 метри мураббаъ зиёд мебошанд.

Бо мақсади омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори раиси ноҳия ва нақша-чорабиниҳои он то айни замон 210 иншоотҳои таъиноташон гуногун ба маблағи зиёда аз 96,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 160 иншоот ба маблағи 28,2 млн. сомонӣ сохта мавриди истифода карор дода шудааст, ки 76  фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи мавриди истифода қарор додани иншоотҳо, муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ 380 ҷои корӣ ва барои 975 хонанда ҷои нишаст таъсис дода шуд. Дар 50 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Чӣ тавре ки аз ҳисоботҳо бармеояд, иҷроиши «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2019-2020» мувофиқи матлаб иҷро нагардидааст. Барномаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 таҳия гардидааст. Аз ин лиҳоз, муовинони соҳавӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои марбутаи дастгоҳи раис, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин вазифадор карда мешаванд, ки бо мақсади амалӣ намудани Барномаи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ карда, ҷиҳати  дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ истиқбол гирифтани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои пешбинишударо роҳандозӣ намоянд.

Имрӯз баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба рушди бемайлони соҳаи иқтисодиёт вобас-тагии калон дорад. Дар соли 2020 ба ҷои 29 млн. 650, 4 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда ба буҷет 25 млн. 702,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки 87,0 фоизи нақша буда, нисбати дурнамои пешбинишуда 3 млн. 947,7 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2019 бошад, 736,4 ҳазор сомонӣ кам  мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ (буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ) ба ҷои 17 млн. 543,5 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда 18 млн. 505,4 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки 105 фоизро ташкил медиҳад ва нисбати нақша 961,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ иҷрои нақшаи андозҳо бо дарназардошти  андози иҷтимоӣ 93,7 фоизро ташкил медиҳад. Мутаассифона, аз 9 намуди андоз 5 намудаш иҷро нагардид, ки дар натиҷа аз ин ҳисоб 4 млн. 167,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нашуд. Қарзи андозҳо нисбат ба аввали сол 179,0 ҳазор сомонӣ кам карда шуда, бақияи қарзи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ то 1 декабри соли 2020 5 млн. 511,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Соҳаи кишоварзии ноҳия рушд ёфта, заҳматкашон дар ҳамаи     бахшҳо нишондиҳандаҳои назарраси истеҳсолӣ ба даст оварданд. Кишоварзон дар самти самаранок истифода бурдани замин ва тухмиҳои серҳосил, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани замин-ҳои бекорхобида, бунёд намудани боғу токзорҳо, таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, афзун кардани чорвои хушзот ва ба ин васила зиёд намудани маҳсулоти воридоткунанда бо истифода аз захираву имкониятҳои мавҷуда корҳои назаррасро роҳандозӣ намудаанд.

Дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзони ноҳия соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 19377 га замин кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба соли 2019  113 га зиёд мебошад. Аз ин шумора дар 7645 га ғалла ва лӯбиёгиҳо, 6674 га пахта, 406 га полезиҳо, 732 га картошка, 1010 га сабзавот ва 2653 га хӯроки чорво  кишт намуданд ва дар таъмини амнияти озуқавории ноҳия  саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми Стратегияи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия айни замон як корхонаи калони пахтатоза-кунӣ, як корхонаи равғанбарорӣ, ду адад коргоҳи шағалбарорӣ, 6 адад сехи наву замонавӣ барои тайёр намудани дару тирезаҳои пластикӣ, 7 адад сехҳои хурди истеҳсолкунии хишти сементӣ, 2 сехи сафолакҳои ороишӣ, 25 адад осёби орд ва 4 адад коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият намуда, дар ин корхонаҳо зиёда аз 272 нафар сокинони ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъминанд.

Тазаккур додан ба маврид аст, ки дар гузориш тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.

Баъди ба анҷом расидани гузориши муовини якуми раиси ноҳия Ҳ. Нидозода  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам З. Завқизода ба сухан баромада, аз раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мутасаддиёни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия даъват ба амал овард, ки вусъати корҳоро дар самти соҳаҳои кишоварзию саноат, махсусан шудгори хушсифати заминҳо, омодагиҳо ба киштукори баҳорӣ, аз ғӯзапоя тоза кардани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаби заминҳои наздиҳавлигӣ, президентӣ ва ёрирасон,  кишти картошка мувофиқи дурнамо, ҷараёни корҳои сохтмонии таъиноташон гуногун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонӣ, ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва дигар масъалаҳоеро, ки айни замон муҳиманд, мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор  дод. Таъкид шуд, ки масъалаҳои болозикр дар муҳлати кӯтоҳтарин ҳаллу фасли худро ёбанд.

Ҷаласаро раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён ҷамъаст намуда, меҳмононро бовар кунонид, ки он камбуду нуқсонҳое, ки  дар ҷамъомади имрӯза ошкор шуданд, ислоҳашон зери назорати қатъӣ гирифта шуда, дар соли ҷорӣ вобаста ба имкони-ятҳо  бартараф хоҳанд шуд ва мардуми шарафманди ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу ғайрат намуда,  саҳми муносиби худро дар рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ  мегузоранд.

 

  Н. Фозилҷон, Гулчеҳра

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *