Сиёсат

Бешарафиро ҳаргиз пеша макун (Дар ҳошияи филми мустанади «Бешарафӣ»)

 

Андеша:Бешарафӣ яке аз фазилатҳои баду дарунсиёҳии инсон маҳсуб ёфта, одамро ҳаргиз ба қуллаи мурод намерасонад ва ҳаргиз  нахоҳад расонд. Ман ҳоло  дар бораи як шахсияте, ки умри фирориашро фақат барои мардумфиребию маблағҳои  ҳароми бе меҳнат ёфта ва аз баъзе шахсоне, ки ба ӯ бовар кардаанду ҳамчун чеҳраи намоёни ислом ӯро шинохтаву ба ӯ маблағҳо додаанд, андешаамро иброз медорам. Номаш Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз наҳзатиёни сарсахти пушти пардаи исломи сиёсӣ мебошад. Чуноне  ки  ба ҳамагон маълум аст, 20 –уми январи соли 2021 соати нуҳи шаб  қисмати 7-уми филми мустанади «Хиёнат» таҳти унвони «Бешарафӣ» тавассути Шабакаи якуми телевизионии Тоҷикистон пахш гардид, бодиққатона тамошо кардам, ки хеле пурмуҳтавову аз ҷиҳати ахлоқию маънавӣ ва сиёсӣ ҷалбкунанда буд. Филми мазкур асосан, доир ба фаъолият ва кору пайкори яке аз наҳзатиёни қаллобу фиребгару дурӯғгӯ ва хиёнаткор, инчунин таъсисдиҳандаи сомонаи зиддиинсонию зиддидавлатии «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин нақл мекард. Филми мустанади «Бешарафӣ» зиёда аз як соат давом карда, таҳиягарони ин филм ба таври аниқу дақиқ кор ва фаъолияти қаллобӣ, фиребгарӣ, ифротгароӣ, бадахлоқӣ  ва дигар амалҳои ғайришариатии Муҳаммадиқболи Садриддинро мавриди мусоҳиба қарор доданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки муаллифони филмномаи дар боло зикргардида  такя ба далелҳои қавӣ ва рӯшан  талош карданд, ки чеҳраи воқеии Муҳаммадиқболи Садриддин ва падари ӯ Садриддинов Қаландарро, ки дар байни мардуми  маҳаллааш бо номи Мулло Қаландар машҳур буд  ва яке аз асосгузорони собиқ ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ба ҳисоб мерафт ва баъди соли 2015 фирорӣ шуда, дар хориҷа соли 2019 вафот мекунад, равшан намоянд. Аз филмнома шоҳиди ҳол гардидем, ки М. Садриддин бо истифода аз ҳисоби мардуми ба мисли худаш гумроҳу хурофотӣ хазинаашро пур намуда, исломро ҳамчун бозичаи дасташ барои манфиати худ истифода мебурдааст. Аз ин маълум мегардад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин бо оёту сураҳои қуръонӣ мардумро фиреб дода, аз онҳо маблағи калони пулӣ гирифта барои корҳои худаш сарф намудааст. Аз ин ҷост, ки ӯ бо фиребу найрангу мардумозориаш дар шаҳри Бохтар соҳиби чаҳор хонаи истиқоматӣ шудааст. Наход, ки  намояндаи дини ислом дурӯғгӯю  маккор бошад, ки дурӯғгӯӣ торикии имон аст.

Ман ҳамчун мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалу кирдорҳои ин шайтони фирориро қотеъона маҳкум мекунам ва ба саҳми ҷавонону наврасони ноҳия ва кулли мардуми Тоҷикистон мерасонам, ки ба гуфтаҳои ин марди майдонғариби фирорӣ аз Ватан, ки тавассути сомонаҳои  интернетӣ бар зидди Ҳукумату давлати Тоҷикистон суханони иғвоангезона мегӯяд, бовар накунанд. Зеро кору фаъолияташ ҳамчун мусулмони асили ислом дар филми мустанади «Бешарафӣ» маълум гардид.

 

 

Давлатхоҷаев  Дилшод,

мудири бахши дин, танзими анъана

ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *