Сиёсат

В О К У Н И Ш И

 

Аҳли маорифи ноҳияи Панҷ оиди мазмуну муҳтавои филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» ки тавассути шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» дар шаби 20 январи соли 2021 намоиш дода шуд.

Мо аҳли маорифи ноҳияи Панҷ баъд аз тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Бешарафӣ» оиди чеҳраҳои фаъоли собиқ ТЭТ ҲНИ Садриддини Қаландар ва фарзанди ӯ Муҳаммадиқболи Садриддин ба хулосае омадем, ки боз чанд амалҳои тахрибкорона, авғонфиребӣ ва фитнаангезии инсонҳои маккор, ки дар сурати ҳомии дини ислом худро «поку намуна» нишон дода, амалан ба корҳои қаллобию мардумфиребӣ, фитнаангезӣ ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ машғул гардидаанд, ошкор гардонда шуд. Ин амалҳои нишондода барои соҳаи мо низ хеле муҳим арзёбӣ гардида, он дар тарбияи ояндаи насли наврас ба кор хоҳанд омад.

Сухан дар бораи зуҳӯроти амалҳои нави хоинон ба душманони миллат меравад, ки пайи андешаву ниятҳои ботили худ, бо истифода аз роҳҳои гуногун – тибқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон ва дар умум мардуми моро гумроҳ карда, мехоҳанд бо роҳи ба гурӯҳҳои террористӣ шомил намудани ҷавонон ва иддаи мардуми бефаҳм давлату миллатро ба нестӣ баранд.

Ба ҳамагон равшан аст, ки лонаи асосии ин ҳама фитна ва дасисаҳо, хоинони миллат сараввал ташкилоти экстремистӣ, террористии Ҳизби Назҳати Ислом, таҳти роҳбарии хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ  мебошад. Ин ҳизби хоин ва бадкирдор дар пайи кӯшишихои табаддулоти  давлатӣ 29-сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинос гардида, фаъолияти он дар мамлакат қатъ карда шуд. Дар қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки ТЭТ ҲНИ  ҳамчун  ҳизби   хурофотпараст   ва   тундгаро    буда,   бо   нақша

ва ҳадафҳои нопоки худ барои амалӣ намудани чандин ҷиноятҳои махсусан вазнин, вайрон кардани сохти конститутсионӣ, кӯшиш баҳри сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, бо пуштбонӣ ва маблағгузории ғаразноки хоҷагони хориҷияш мехост ҳокимиятро ба дасти худ гирад.

Инак беш аз панҷ сол боз натанҳо кулли ҷомеаи Тоҷикистон балқи чандин ташкилоту созмонҳои бонуфуси байналхалқӣ пайвастагии решаҳои ғоявии зуҳуроти экстремизм, терроризм ва харобкориҳои ин гурӯҳи тахрибкорро таҳлил намуда, мавҷудияти онро маҳкум  карданд. Амалиёти ин ҳизби фитнагар, харобиовар ва тафриқаандозро ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қатори ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро дониста, дасти нопоки онро хусусан дар ҷиноятҳои мудҳиши собиқ аъзоёни Ҳизби Назҳат дар солҳои 90-ум асри гузашта ошкор намуданд.

Дар чанд соли охир дар ҷумҳурӣ фазои муътадили сиёсӣ таъмин гардида, фаъолияти азҳоби сиёсии кишвар дар заминаи талаботҳои конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, дар ҷомеи мо ақидаю афкори гуногунандешӣ бомаром амалӣ гашта истодааст. Ватанамон аз пештара ободтар, зиндагии мардум осудаву гуворо, сулҳу ваҳдати воқеӣ бомарому босамар ҷараён дорад.

Таҳлилгарон ба хулосае омаданд, ки дар мақсаду маром ва ғояҳое,ки ТЭТ  ҲНИ талқин менамуданд, мақсад ва ҷойгоҳи миллат давлатдориву арзишҳои миллии мо кам ба назар мерасиданд.

Имрӯз андеша аз он бармеояд, ки эътиқоду эҳтироми миллати мо ба дини мубини Ислом қавӣ буда, ин таълимот инсониятро баҳри амалҳои ободкорию созандагӣ, зиндагии шоён, андешаву пиндори баробарӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳаёти солим ва ғайра равона месозад. Маҳз  аз ин  мавқеъ ва тавассути дасти эътиқодмандон, хусусан насли ҷавон амалӣ сохтани амалҳои муғарризонаи худ муддаои дили душманони халқу миллат аст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ин раванди пурхатар барҳақ таъкид карда буданд.

«Воқеан, дини мубини ислом сарчашмаи адаб, маҳзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист.

Бинобар ин, ҳар яки мо бояд бо арҷ гузоштан  ба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем. Ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим  саъю талош намоем. Хусусан дар шароити торафт тезу тунд гардидани раванди ҷаҳонишавӣ, ки баъзе қувваҳои носолим дини мубини исломро ҳамчун воситаи ангезишҳои сиёсӣ ва барои амалӣ намудани манфиатҳои гурӯҳӣ истифода мебаранд, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёриро аз даст надиҳем».

Мо кормандони мактабу маорифи ноҳияи Панҷ ҳама гуна дасисаву ангезаҳои маккоронаи ин ҳизби мамнуъгардида ва аз тарафи хоҷагони хориҷӣ ба онҳо маблағгузорӣ гардиданро қатъиян маҳкум намуда, ба хоинони миллат ва давлати соҳибистиқлоламон нафрати бепоён изҳор менамоем.

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *