3 декабри соли равон сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серпантюк ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ташриф овард. Дар даромадгоҳи ноҳия меҳмони олиқадрро раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, муовинони раис ва дигар шахсони фаъол гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сафари кории сафир аз ҷамоати деҳоти Намуна оuоз гардид. Раиси ноҳия ва дигарон сафири Украина Василий Серпантюкро ҳамроҳӣ намуда, аз баъзе иншоотҳои муҳиму асосӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии фаъоли ноҳия, махсусан аз пойгоҳи обтаъминкунии «Файзободқальъа-0», хоҷагии деҳқонии «Дарё», коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ, рафти корҳо сохтмонии бинои истиқоматии бис-ёрошёна дар маркази ноҳия, беморхонаи марказӣ, корхонаи обтаъминкунии шаҳрак, омодагии кишоварзони ноҳия ҷиҳати кишти картошка, ҳолати мелиоративии заминҳои соҳаи кишоварзӣ, намоиши ҳунар-ҳои мардумӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқи ноҳия дидан карда, ба кору пайкори заҳматкашони ноҳия таваҷҷуҳи калон зоҳир кард..
Баъдан худи ҳамон рӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки сафири Украина дар Тоҷикистон муҳтарам Василий Серпантюк, раиси ноҳия муҳтарам Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, муовинони раис, роҳбари Дастгоҳ ва дигарон мулоқот доир гардид. Сараввал раиси ноҳия муҳтарам З.Шоҳиён сафири Украинаро барои ба ноҳияи дурдасту сарҳадии Панҷ ташриф оварданаш бо самимияти беандоза пазироӣ намуда, сипас суханро ба меҳмон дод. Сафир зимни суханрониаш қайд намуд, ки Ҷумҳурии Украина омода аст, ки ҳамкориҳои байни ҳукуматиро дар Тоҷикистон аз пештара дида хубтар ба роҳ монад ва рақобати молии байни ду кишварро дар ҳоли рушд қарор бидиҳад. Махсусан қайд гардид, ки шаҳрвандони ноҳия ва ҷумҳурӣ метавонанд тариқи квота дар донишкадаву донишгоҳҳои Украина, махсусан донишгоҳҳои кишоварзӣ омада дохил шуда, соҳиби тахассуси олӣ гарданд ва ба нафъи халқи ҳам Украина ва ҳам Тоҷикистони ба мо дӯст хизмат намоянд. Сафири Украина инчунин зикр кард, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Украина мутахассисони соҳаи кишоварзӣ кам ба назар мерасанд ва шаҳрвандони Тоҷикис-тон метавонанд баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ ҳамчун мутахассиси соҳаи аграрӣ ба Ҷумҳурии Украина омада, кору фаъолият намоянд.
ҳамзамон сафир вобаста ба хурӯҷи дуюми бемории сироятии коронавирус (Ковид-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр кард, ки хеле хушҳол аст, ки ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон кам ба назар мерасад ва ин боиси хушбахтии миллати тоҷик аст.
Мулоқотро раиси ноҳия муҳтарам З. Шоҳиён ҷамъбаст карда, ба сафири Украина дар Тоҷикистон муҳтарам В. Серпантюк муроҷиати дӯстона намуд ва хоҳиш кард, ки вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ёрии дӯстонаи Ҷумҳурии Украина барои сохта ва ба истифода додани беморхонаи сироятӣ дар ноҳия кумаки худро расонад. Хоҳиши раиси ноҳия З. Шоҳиён аз тарафи сафири Украина дар Тоҷикистон хуб пазируфта шуд.