Хабарҳо

Дидорбинии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои ободонию созандагӣ

 

Санаи 1 декабри соли 2020 дар доираи иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ  ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А. ба ноҳияи Панҷ анҷом дода шуд.

Зимни ин сафари корӣ муҳтарам Завқизода З ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бобати омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнии ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дидан намуданд.

Дар ин сафар намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро раиси ноҳияи Панҷ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф ҳамроҳӣ намуданд.

Ҳангоми аз иншоотҳои ҷашнӣ дидан намудан Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Завқизода З ва раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён З. Ф. бо мақсади вусъати корҳои сохтмонӣ дар тамоми иншоотҳои ҷашнӣ, инчунин суръат бахшидан ба рафти корҳои ободонию созандагӣ ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони марбута дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *