Кишоварзӣ

Кишоварзон дар тараддуданд

Кишоварзони ноҳия баҳри амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самараноки истеҳсолот, ҳосилнокии зироатҳо ва дигар намуди ғалладонагӣ бо дар назардошти ба даст овардани ду ҳосил дар як сол суботкорона меҳнат намуда, то ба имрӯз дар майдони зиёда аз 3290 гектар замин кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки 2600 гектари онро зироатҳои ғалладонагӣ, 380 гектар сабзавот, 300 гектар пиёз ва зироатҳои хӯроки чорворо ташкил дода, кишти онҳо ба анҷом расонида шуд. Мавриди зикр аст, ки ноҳия дорои 15593 гектар замини ҳосилхез буда, кишоварзон азм доранд, ки бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ, афзун намудани иқтидори содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъоварии дурнамои кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироатҳои кишоварзиро вусъат бахшанд. Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия кишти тирамоҳӣ бо маром идома дорад.
Ҷамоати деҳоти ба номи К.Сайфутдинов дорои 1364 хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, то ба имрӯз майдони кишти заминҳои онҳо 3250 гаро дар бар гирифта, аз он 728 гаро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд ва бо заҳмати шабонарӯзии деҳқонону кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ шудгоркунии заминҳо бо маром идома дорад. Аҳли заҳмат ва меҳнаткашону деҳқонони ҷамоати мазкур аз дастуру супоришҳои ҳукумати Ҷумҳурӣ ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, чанд рӯзи охир ба саҳро баромада, барои шудгори тирамоҳии заминҳо баҳри ҷоннок намудани кишти такрорӣ, махсусан ғалла камари ҳиммат баста истодаанд.

Кишоварзон бо азму иродаи қавӣ ва аз ин рӯзҳои офтобӣ истифода бурда, ният доранд, ки кишти такрории тирамоҳиро вусъати тоза бахшанд ва дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин корро дар ин самт ба анҷом расонда, дар таъмини амнияти озуқавории минтақа, ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. Зикр кардан ба маврид аст, ки бо дастуру супоришҳои роҳбарияти ноҳия ва шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ корҳо оиди кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус ғалладонагиҳо мувофиқи нақша ҷараён дорад.

П. Нуров, И. Абдураҳмон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *