Дар доираи иҷрои фармоиши вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода З. А аз 30 октябри соли 2020, №89 гуруҳи кории вазорат таъсис ва ҷиҳати расонидани кӯмаки методӣ дар самти таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи гуруҳи корӣ санаи 26 ноябри соли 2020 чунин як семинар оид ба расонидани кӯмаки методӣ дар самти таҳияи Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ, аз тарафи гуруҳи кории вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар гуруҳи кории ин вазорат:
– Зайниддинзода Саидмурод – сардори Маркази аналитикии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, Дурнамо ва ислоҳоти иқтисодӣ;
– Юнусов Илёс – сармутахассиси Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Дар ин семинар муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ иштирок доштанд.
Аъзоёни гуруҳи корӣ бобати паҳлуҳои гуногуни таҳия ва омода намудани Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои минбаъда, ҳамзамон зимни таҳияи он ба назар гирифтани тамоми паҳлуҳои соҳаи хоҷагии халқ маълумот доданд.