Хабарҳо

Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсия

 

    Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар    ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони  ташкилоту  муасиссаҳо  ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси ноҳия ва  дигар  баромадкунандагон  ба  сухан  баромада, таъкид намуданд,  ки қабул гардидани Конститутсия дастоварди бузурги халқи тоҷик дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, айни замон ин падидаи таърихӣ барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши басо муассир дорад.  Мардуми кишвар ҳамчун халқи тамаддунофару фарҳангсолор ва сулҳпарвар тавассути қабули Конститутсия роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуданд. Зеро барпо кардани чунин давлат, эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботу устувории ҷомеа, фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як

тақозо менамояд. Сокинони  меҳнатдӯсти  ноҳия дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади риояву амалӣ намудани меъёрҳои муайяннамудаи Бахтномаи миллат,  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-тон ва дар ин замина бобати сазовор истиқбол гирифтани яке аз санаҳои муҳими таърихӣ, ки бо Конститутсия дар як радиф қарор дорад, яъне 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаву босазои худро хоҳанд гузошт.

                                                     Н.Фозилҷон, Гулчеҳра

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *