Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромии кишвар саннаи 11 октябри соли 2020 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раванди баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ бори дигар исбот намуд, ки кулли шаҳрвандони кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳофаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як руҳу илҳоми тоза ва дастгирии сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат др ин маъракаи воқеан сиёсии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуданд.
Мувофиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти интихобот 90,92%-и овоздиҳандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд.
Дар асоси қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия Панҷ низ ҳавзаи интихоботии Панҷ-61 ва дар асоси қарори ин ҳавза бошад дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 31 участкаи интихоботӣ таъсис дода шуд.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи ин участкаҳои интихоботӣ дар онҳо 60 ҳазору 520 нафар овоздиҳандаи умумӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин шумора 51 ҳазору 362 нафараш овоздиҳанда мебошанд.
Рӯзи баргузории интихобот аз шумораи умумии овоздиҳандагон 51 ҳазору 920 нафар ё 85,79 % овоздиҳандагон дар ин чорабинии сиёсӣ иштирок намуданд. Дар ҷамъбати интихобот дар ҳавзаи интихоботии Панҷ-61 ба тарафдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90,95%-и овоздиҳандагон овози худро доданд.
Мо аз номи тамоми сокинони шарафманду меҳнатдӯсти ноҳияи Панҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда дар фаъолияти кориашон барору комёбӣ хоҳонем.
Бо итминони комил иброз медорем, ки ин абармарди арсаи таърих, сиёсатмадори ҷаҳонӣ ва меъмори ваҳдат бо хиради азалӣ ва сиёсати оқилонаи худ ин давлату миллатро ба ҷаҳониён бори дигар муаррифӣ хоҳад кард.
Раиси ноҳияи Панҷ,
узви Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: З. Шоҳиён