Интихобот яке аз муҳимтарин рукнҳои ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад, тавассути он мардум имкон дорад то намояндаҳои хешро ба парлумон ё дар интихоби роҳбарияти кишварҳояшон бевосита ширкат кунанд ва райъи худро иброз доранду дар ташаккулли ҷомеаи мардумсолор саҳми хешро гузоранд. Маҳз тавассути интихобот сарнавишти сиёсии кишварҳо ва дурнамои роҳи рушди он муайян мегардад. мардум метавонанд тавассути интихобот номзади хешро ба парлумон ё раисҷумҳур пешниҳод намоянд ва тавассути омӯзиши барномаҳои алтернативии интихоботӣ ки аз ҷониби номзадҳои гуногун пешниҳод гардидаанд, аз байни онҳо барномаи дақиқтару саҳеҳтар ва барномаеро, ки дархури дарди мардумон аст ва баровардакунандаи ниёзҳои иҷтимоист ва дар он роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ҷомеа ҷой дошта илман асоснок шудаанд, ба назар гирифта райъи хешро ба ҳамон номзад ироа медоранд.
Ҳоло маъракаи интихобот на танҳо ба таъсиргузории қувваҳои дохилии кишварҳо вобастагӣ дорад, балки баъзан аз кишварҳо ва қудратҳои минтақавиву ҷаҳонӣ аз раванди интихоботҳои дар кишварҳои муайян баргузоршаванда ба суди хеш истифода менамоянд ва раванди интихоботро ба як ҳангомаи сиёсӣ табдил дода кишварҳоро ноором ва хатарпазир менамоянд. Вазъи ба амал омада дар кишвари ҷумҳурии Беларус далели ин гуфтаҳост.
Мусаллам аст, ки ҷумҳурии Беларус дар паҳнои собиқ шуравӣ яке аз ҷумҳуриҳои муваффақ ба ҳисоб мерафт, ки аз назари иқтисодӣ ва тарзи зиндагӣ мардумаш дар нисбати аксари ҷумҳуриҳои дигари собиқ шуравӣ аз лиҳози сатҳу сифтаи зиндагӣ дар ҷойи намоён қарор доштанд. Дар ин кишвар аксари маҳсулот истеҳсоли худӣ буд ва дар бисёре аз кишварҳои чи собиқ шуравӣ ва чи аврупоӣ маҳсулоти хешро содир менамоянд. Ба иборати дигар яке аз кишварҳои муваффақи собиқ шӯравӣ ба ҳисоб мерафт, ки ин муваффақият пеш аз ҳама вобастаи сиёсати дурусти ба роҳмондаи раисҷумҳури он кишвар Александр Лукашенко буд. Ҳаводиси ахир ки пас аз интихоботи моҳи август дар ин кишвар доир гардида, нишон медиҳад, ки новобаста аз оне ки Александр Лукашенко бештари райъи мардумро ба даст оварда дар интихобот пирӯз гардид, аммо қувваҳои муайян гурӯҳои мардуми норизоро ба майдонҳо кашиданд ва табиист, ки бо дахолати қувваҳои хориҷӣ гирдиҳамоиҳои густурдаро дар ин кишвар ба роҳ монда, онро ба як ҳолати низоъдаргирӣ оварда расонидаанд. Шояд муваффақияти кори А.Лукашенко барои иддае писанд наомад, ки чунин бозиҳоро дар ин кишвар ба вуҷуд оваранд. Ин ҷо бояд як нуктаро бозингарон дарк намоянд, ки як нафар агар корҳои хуберо барои мардум анҷом дода маҳбубият пайдо намуда бошад, табии аст, ки мардум онро меписанданд ва тарафдоранд то онро борҳо интихоб намоянд. Аммо ҳамин нуктаро бозингарон ба ҳайси нуктаи даъво қарор дода дар кишвари Беларус бархурдҳоеро ба вуҷуд овардаанд, ки айни ҳол як номуайянӣ дар фазои ин кишвар ба вуҷуд омадааст ва эҳтимоли бархурдро ҳам коршиносон ҳатс мезананд. Бархурд ҳеҷ гоҳ ба нафъи мардуми ин кишвар нахоҳад буд ва сабаби варшикастагии иқтисод ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар ин кишвар хоҳад шуд. Умедворем, ки мардуми шарифи ин кишвар хештандорӣ мекунанд ва ҷиҳати бақои манфиатҳои миллиашон ва побарҷоии кишварашон аз роҳи ақлу хирад кор мегирад ва аз тавтеасозии қувваҳои беруна худро эмин месозанд.
Тавре маълум аст кишвари мо низ дар пешорӯи интихоботи навбатии раисҷумҳур қарор дорад, ки тибқи санадҳои ба тавсиб расида бояд рӯзи 11.10.2020. баргузор гардад. Ҳизбҳои сиёсии кишвар номзадҳои хешро ҷиҳати рақобат дар интихоботи фавқузик пешниҳод намудаанд ва ҳоло намояндагони ҳизбҳои аграрӣ, ҳизби демократ, ҳизби сотсиолистӣ ва аз тарафи иттифоқҳои касаба номзадии Пешвои миллат Президенти феълан амалкунанда барои рақобат дар интихоботи рӯзи 11.10.2020. ба ҳайси номзад пешниҳод гардид. Хуб албатта ҳамаи номзадҳои пешниҳод гардида барномаи мушахасси хешро доранд ва дар ҷомеа тарафдорони хешро низ доранд. Вале аз байни ҳамаи онҳо номзадии Эмомали Раҳмон дорои ҷойгоҳи махсус ва таъсиргузорию обрӯи баланд дар байни ҷомеа аст. Ҳамаи мардум хуб огоҳ ҳастанд, ки номбурда дар тӯли фаъолияти хеш кишварро аз як кишвари дар ҳоли сухтаву парокандагӣ раҳо дода ба як кишвари воҳид табдил до два маҳз бо кушишҳо ва хидматҳои ин марди наҷиб пояҳои давлатдории навин гузошта шуда, низоми давлатдорӣ дар кишвари мо шакл гирифт. Зина ба зина кишвар аз ҳолати таназзули иқтисод дубора рӯ ба рушд оварда ба як кишвари дар ҳоли рушд табдил ёфт. Албатта, дар бораи хидматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат даҳҳо китобу садҳо асару мақола навишта шудааст ва минбаъд ҳам навишта хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, интихоботи президентӣ иродаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ифода мекунад ва асли низоми давлатдории миллӣ ва дунявӣ ба шумор меравад. Аз тарафи дигар, халқи тоҷик, ки таҷрибаи бойи зиндагӣ ва давлатдорӣ андӯхтааст, дар маъракаи муҳҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона ва фаъолона ширкат варзида, номзади арзанда ва шоистаи худро интизоб менамояд. Феълан номзади арзанда ва шоистаи халқ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки умри азизи худро сарфи хидмат ба халқу ватан кардааст ва дар хидмати мардум қарор доштанро шараф ва номуси миллию мардумӣ мешуморад.
Ф. Нуров
узви ИЖТ