(ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ)
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ду арзиши олии умуми-миллӣ ба шумор мераванд ва ин нуктаро таърихи начандон дури миллӣ собит сохтааст. Гап сари ин аст, ки агар яке аз ин ду арзиш дар ҷомеа вуҷуд надошта бошад, пояҳои давлатдории миллӣ сусту заиф мегарданд ва давлат ва миллат ба шикасту завол мувоҷеҳ мешавад. Дар зимн, ин ду арзиш шараф ва номуси миллӣ ва давлатдориро дар ҳама давру замон таъйин мекардааст ва дар шароити феълии бархӯрдҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ ин ду асл сарнавишти давлат ва миллатро рақам мезананд. Ин аст, ки ҳифзу нигаҳдошти Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ вазифа ва рисолати асосии ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.
Истиқлолият, ки аз вожаи “истиқлол” муштақ шудааст, калимаи арабӣ буда, ба маъноҳои бардоштан ва баланд кардан, баланд баромадан, ба ҷойи баланд омадан; озодӣ доштан, ба озодӣ коре кардан, бидуни мудохилаи касе кори худро идора кардан (ниг.:Амид ҳасан. Фарҳанги Амид. -Ҷилди аввал. -Теҳрон: Амири Кабир, 1381. -С.176), дар тасмимот ё рафтори худ тобеи дастур ва хости дигарон набудан, доштани ҳақ ё тавонойии тасмимгирӣ дар идораи корҳо, мустақил будан (ниг.:Анварӣ ҳасан. Фарҳанги кучаки сухан. Ба сарпарастии ҳасан Анварӣ. -Теҳрон: Сухан, 1383. -С.55); озодӣ ва худмухтории кишвар (ниг.: Фарҳанги донишгоҳии арабӣ ба форсӣ. Тарҷумаи Ал-мунҷид-ул-абҷадӣ. Тарҷумаи Аҳмад Сайёҳ. -Теҳрон: Фарҳон, 1379. -С.81) далолат мекунад, ки ҳамагӣ бар як маънию мафҳум – озодӣ дар кору умур ва идораи кишвар мутамарказ мешаванд. Озодӣ ва мухторият дар идораи умур бидуни мудохилаи дигарон, қабл аз ҳама, ба марзи истиқлолияти давлатӣ расиданро нишон медиҳад.
Истиқлолияти давлатӣ, қабл аз ҳама, бо масъулияти фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъӣ пайвастагӣ дорад ва ҳамин масъулият аст, ки пояҳои ваҳдати миллиро дар ҳар шаклу мазмуне ҳифз мекунад. Мазмуни масъулияти инфиродӣ, гурӯҳӣ ва билохира, ҷамъӣ дар ҳамкории беғаразона, созиши мунсифона, баҳамойӣ, ҳамбастагӣ ва дар маҷмӯъ, якдигарфаҳмӣ зоҳир мегардад. Шароити масъулият ва ҳавзаи пурсишгариро дар баробари худ ва ҷомеа истиқлолияти сиёсию давлатӣ ба вуҷуд меоварад. ҳунари пурсишгарӣ ва масъулиятписандӣ маҳз дар шароити корсоз будани дастгоҳи истиқлолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва мунтаҳо, давлатӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки дар ҳамаи давру замон бар мабнои муҳити озоду мустақил ваҳдату ҳамдигарфаҳмии миллию мардумӣ бунёд ёфта, мушкилоту печидагиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, равонӣ бевосита дар натиҷаи ваҳдату созиши ҷомеа ва сардамдорони он рафъ мегарданд.
Ваҳдати миллӣ маҳсули марҳилаи навини инкишофи ҷомеаҳои миллӣ мебошад. Дар ин гуна ҷомеаҳо ваҳдати миллӣ хусусияти рамзӣ пайдо мекунад ва пайваста элитаи сиёсӣ аз он барои таъмини устувори низоми иҷтимоию сиёсӣ ҳадафмандона истифода мебарад. Масъалаи ваҳдат ва раванди амалишавии он ба масъалаи созиши миллӣ бастагӣ дорад. Созиши миллӣ ҷараёни иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, ҳадафи бартараф намудани низоъҳои дохилимиллӣ, дохили-давлатӣ ва минтақавиро дар ин ё он мамлакат дар назар дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Ваҳдати миллӣ ба унвони механизми асосии созиши миллӣ дар нимаи дуюми солҳои навадуми садаи бист, аниқтараш, 27 июни соли 1997 ҷанги шаҳрвандиро, ки боиси хисороти зиёди ҷонӣ, молӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фикрию фарҳангӣ гардида буд, барҳам зад.
Воқеияти он замон маълум карда буд, ки дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии вақти минтақа бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва бекор шудани низоми давлатдории Шӯравӣ, ба вартаи мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, савобиқи мудирияти равандҳои сиёсиро надоштанд, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ оҷиз монданд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ, аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ, ки бо шикасти империя ҳолати шокро аз сар мегузарониданд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибӣ (хаос)-ро дар шакли намоишномаи сиёсӣ коргардонӣ мекарданд, то низоми шӯравӣ куллан аз байн биравад. Ба ин тариқ, дар манотиқи ҳассоси қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тухми кинаву адоват кошта шуд ва дар ин замина даргириҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз он вазъи мавҷуда торафт мураккабтар гардида, бовару эътиқодоти мардумӣ ба ояндаи неки ҷумҳурӣ тадриҷан аз байн рафта, халои фикрӣ ва фарҳангӣ дар манотиқи даргир ва баъдтар дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ салтанат кард. Дар ин миён низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ гирифтори буҳронҳои амиқ гардида, оқибат фалаҷ шуд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоу бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора мувоҷеҳи ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Дар натиҷа, аз 5,5 миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумотҳои гуногун, аз 25 то 200 ҳазор нафар (дар баъзе манобеъ шумори ҳалокшудагон 150 ҳазор нишон дода шудааст) ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони он иҷборан тарки хонаю ватан намуда, ба мамолики Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар кишварҳои ИДМ паноҳанда шуданд.
Барои ба вуҷуд овардани фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва тафоҳуми миллӣ музокироти тоҷикон бо ризоияту тавофуқи масъулини тарафҳои даргир аз 5 апрели соли 1994 шурӯъ гардида, то 27 июни соли 1997 бо баимзорасии Созишномаи умумӣ анҷом ёфт. Дар муддати қариб 40 моҳи гуфтушунидҳо, дар 8 давр 44 санади муҳим ба имзо расид, ки дар маҷмӯъ, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷомеаи ба фоҷеа гирифторшударо фаро мегирифт. Тибқи муқаррароти баҳсу муноқишоти сиёсӣ, дар раванди гуфтушуниди байни тоҷикон, муҳайё сохтани шароити моддию равонӣ, идеявию фарҳангӣ ҳукми зарурат маҳсуб меёфт ва дар ин амр ёрию дастгириҳои хайрхоҳонаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас буда, фаъолияти беғаразонаи созмонҳои марбута ба муваффақона анҷом пазируфтани муколимоти тарафайн ва саранҷом, ба вуҷуд омадани фазои ваҳдати миллӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам овард (ниг.: Раҳмонов Тағай. Осори мунтахаб. _Душанбе: МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2014.-С.165). Муҳимтар аз ҳама, дар ҳалли муноқишоти дохилӣ ва расидан ба марҳилаи Ваҳдати миллӣ нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон калидӣ аст. Маҳз ибтикороту ташаббусоти рӯзмарраи ӯ боиси ба ҳам омадани миллат ва тафоҳуми миллию мардумӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид. Хидмат-ҳои Сарвари давлат дар заминаи ба Ваҳдати миллӣ расидани Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта шуда, ба ӯ унвон ва мақоми “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” дода шуд. Ба ин тартиб, Истиқлолияти давлатӣ имконияти ҳалли мушкилоти дохилиро аз тариқи муколимоту гуфтушунидҳои созанда ба миён оварда, шароити мусоидро барои ба вуҷуд омадани ваҳдати миллӣ фароҳам сохт.
Зуҳуру бурузи ваҳдати миллӣ дар шароити Истиқлолияти давлатӣ маънои онро дорад, ки маҳз фазои мустақилияти сиёсӣ имкон дод, ки масъулият бар бемасъулиятӣ пирӯз гардад ва падидаҳои манфуре, мисли бадбинӣ, нафрат, ҷаҳолатпи-сандӣ, кинаварзӣ ва бегонапарастӣ аз саҳнаи зиндагии миллӣ бадар рафта, оромию субот дар минтақа ҳукм-фармо гардад. Зимнан, бояд дар хотир дошт, ки раванди ҷаҳонишавӣ ё ба истилоҳ, глобализатсия дар баробари бароварда сохтани ниёзҳои иттилоотӣ, фаннӣ (техникӣ), маърифатӣ, эстетикӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мо, ҳамчунин ба мағшуш сохтани зеҳниёти иҷтимоъ тавассути афкору таблиғоти ғаразнок, ғайриахлоқӣ ва ғайриинсонӣ ва дар ин замина, тағйир додани зеҳниёти ҷомеаҳои пасошӯравӣ сари кор мегирад. Сели иттилооти гуногунмазмун, ки даҳсолаи ахир рӯйи сафаҳоти нашрияҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоӣ мерезад, як навъ таҳлили фаннӣ ва мулоҳизаи тафаккуриро талаб менамояд. Муҳим он аст, ки намояндагони илму фарҳанг ва фалсафаи давлатҳои миллии фазои пасошӯравӣ дарк кардаанд, ки зарурати муттаҳид шудани мардумони минтақа ва ҷаҳон ба миён омадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷуғрофиёи истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ тавсеа ва масири нуфузи он дар паҳнои фарҳанги башарӣ густариш меёбад.
Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, фарогири истиқлолияти сиёсӣ, давлатӣ ва манофеи миллӣ дар замон, макон, арзу тӯл ва ҳавзаи мушаххас аст. ҳамбастагӣ, ҳамкорӣ, ҳамёрӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни аъзои як ҷомеа баёнгари ваҳдати миллӣ ва дар айни замон иттиҳоди иҷтимоӣ аст. ҳар қадар миёни ҷомеа хурофоту таассуб ва нифоқу низоъ реша давонад, ҳамон қадар ваҳдату ҳамбастагӣ ба хатар мувоҷеҳ мегардад. Пирӯзӣ ва муваффақияти миллӣ, қабл аз ҳама, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, маданӣ, давлатӣ бастагӣ дорад.
Ба таври куллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ робитаи мазмунӣ, маъноӣ ва дар маҷмӯъ, органикӣ доранд. Ба ин мазмун, Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои ба ҳам тавъаманд ва пайванди онҳо пайвасти мутавозин ва мутаносиби давлат, миллат ва ҷомеаро таъмин менамояд. Табодули андеша, тафоҳуми миллӣ ва ҳамзистӣ дар миёни табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ дар фазои солими Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ имконпазир мегардад, ки мо дар муҳит ва қаламрави худ аз ин шароити мусоид бархӯрдорем. Ин аст, ки мо муваззафем,ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллиро ба унвони асл ва мушаххасоти ҳаётӣ гиромӣ дорему дар масири ҳамзистӣ ва ҳамбастагӣ гомҳои устувор бардорем.
П. Нуров,
узви ИЖТ