Тандурустӣ

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии мавҷи хуруҷи дуюмбораи бемории коронавирус

 

Зимни баргузории маҷлиси назоратии назди раиси ноҳияи Панҷ, ки саннаи 27 июли соли равон баргузор гардид дар баробари баррасӣ намудани масъалаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ҳамзамон масъалаи пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус таҳлилу баррасӣ гардид.

Бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дуюмбораи ин беморӣ раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шоҳиён З. Ф ба муовини якум  ҳамзамон раиси ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид карда шуд, ки бобати андешидани тадбирҳои зарурӣ дар самти пешгирии хуруҷи дуюмбораи ин беморӣ аз тарафи гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аъзоёни ситоди ноҳиявӣ дар байни аҳолии ноҳия, бахусус  бозорҳо ва марказҳои савдо бо фурушандагону харидорон суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуда, масъалаи истифодаи ҳамешагии ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи маводҳои антисептикӣ, инчунин бо гипохлориди натрий безарар гардонидани ҳудуди кӯчаву маҳаллаҳои маркази ноҳия ва бозорҳоро баррасӣ намоянд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *